ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ДАР ШАҲРИТӮС РОНАНДАИ МАСТУ БЕҲУҶҶАТ САБАБГОРИ МАРГИ ФАРЗАНДИ ХУДАШ ШУД…

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 6 феврали соли 2024 аз ҳалокати як навраси 16-соладар натиҷаи чаппа шудани мошини “Опел” дар деҳаи ноҳияи Шаҳритӯс, воқеъ дар ҷанубуғарби Тоҷикистон хабар дод ва бо изҳори тассуф афзуд, ки ронандаи гунаҳкор падари ин наврас буд, ки ҳам маст буд ва бар замми он ҳатто ҳуҷҷати ронандагӣ надошт.

Милитсия мегӯяд, дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт паёмади фоҷеабор дошта, на дар ҳама ҳолат ронандаи сархуш солим ба манзил мерасад. Аз як ҷониб дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина ин таҳдид ба ҳаёти худ бошад, аз ҷониби дигар ба ҳаёту саломатии дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Ва аммо ҳарчанд ки ҷазои ронандагӣ дар ҳолати мастӣ дар Тоҷикистон хеле шадид карда шудааст, вале  ҳанӯз ҳам ҳастанд нафароне, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаро идора намуда, ба оқибатҳои вазнини фоҷеабор рӯбарӯ мешаванд. Чунончӣ:

Шаҳрванд Холматов Шуҳрат Эргашович, санаи таваллудаш 23.02.1982, истиқоматкунандаи деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус, бар замми он ки шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, автомашинаи падараш тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 9615 АН 03-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, мошинро дар ҳудуди деҳаи Айвоҷ чаппа кардааст. Дар натиҷа писари 16-солааш, хонандаи синфи 9 бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Айни ҳол ронандаи сархуш Холматов Шуҳрат дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.

Худи Шуҳрат Холматов ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 212 ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо ҷазои аз ин ҳам сахттар барои Холматов ин бо айби худ ба ҳалокат расондани фарзанд аст ва ин доғ дигар ҳеҷ гоҳ аз дили ӯву дигар аҳли хонавода зудуда нахоҳад шуд ва як умр дунболагириаш хоҳад кард.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button