ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК МАРДИ МАСТ ПИРАМАРДИ 74-СОЛАРО ТО МУРДАН ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 5 феврали соли 2024 хабар дод, ки як сокини шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) дар шимоли ҷумҳурӣ дар ҳолати мастӣ як пирамарди 74-соларо то мурданаш зери борони мушту лагат гирифтааст.

Бино ба иттилои милитсия, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Бӯстон рӯзи 3-юми феврали соли 2024, тахминан соати 13:30, дар ҳолати мастӣ бо пирамарди 74-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар назди хонаи истиқоматиаш ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии номбурда якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш задааст. Дар натиҷа, пирамард дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ маҳсуб шуда, сабаби марги ӯ гаштааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби муноқишаи ин мард бо пирамард нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми сеюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва  тафтишот идома дорад.

Худи ин сокини дастгиршудаи Бӯстон ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ба ӯ акнун бар асоси қисми сеюми моддаи 110 аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қаблан раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 5 феврали соли 2024 аз боздошти сокини 35-солаи ҷамоати Бӯстонқалъа бо иттиҳоми одамкушӣ хабар дода буд. 

Бино ба иттилои милитсия, рӯзи 4 феврали соли 2024 дар ҳудуди шаҳри Бохтар ки шахси номаълум бо истифода аз олоти буранда ронандаи таксӣ, ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Бохтарро ба ҳалокат расонида, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

“Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон бо гузашти як шабонарӯз гумонбари ҷинояти вазнин дастгир карда шуд, ки ин Расулов Рустамҷон Маҳмадшарипович санаи таваллудаш 15.02.1989, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати Бустонқалъа мебошад. Айни ҳол боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбаташ аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, сабабҳои аслии даст задани гумонбар ба чунин аъмоли зишт муайян карда мешаванд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Моддаи 104 низ ҳамчун ҷазо барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндонро муқаррар кардааст.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди  одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 58 куштор ва сӯиқасд ба одамкушӣ (дар соли 2021 – 41 ҳолат) ва 131 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (дар соли 2021 – 133 ҳолат) сабт шуда буд. Ҳарчанд омори чунин ҷиноятҳои вазнин як каме рӯ ба коҳиш оовардааст, вале боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button