ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БЕПАРАСТОР МОНДА БУД… ЯК ДУХТАРИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БА ВАТАН БАРГАРДОНДАНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 5 феврали соли 2024 дар бораи аз Русия ба Ватан баргардондани як духтари ноболиғи тоҷик хабар дод ва гуфт, ин духтар дар Русия бесаробон монда буд.

Сафорат дар иттилоияш гуфт: “Рӯзи 4 феврали соли 2024 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия бепарастор монда буд, тибқи Созишномаи Кишинёв оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ аз 07.10.2002, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон репатриатсия гардид”.

Дар бораи инки ба чӣ сабабе ин духтари ноболиғ дар Русия бепарастор мондааст?, дар иттилоияи сафорат чизе гуфта нашудааст. Вале дар аксар вақт фарзандони ноболиғи муҳоҷирони тоҷик дар сурати марги волидони онҳо ваё ба ягон гуноҳе боздошту зиндонӣ шуданашон дар Русия бепарастор мемонанд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав, аз аввали соли 2024 алакай 9 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикони худ баргардонида шудаанд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, камобеш то як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Маблағҳое, ки аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо ва ҳам як омили асосии ҳаракати аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button