МАРГИ ДУЧАРХАРОНИ 79-СОЛА ДАР БОХТАР, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 2 САБУКРАВИ БАРҚӢ ВА 12 ҲАЗОР СОМОНИРО ДУЗДИДАНИ 2 НОБОЛИҒ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 5 феврали соли 2024
Ҳалокати дучархарони пиронсол дар ҳодисаи нақлиётӣ
1-уми феврали соли 2024, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Пиканто», Раҳимов Абдусууд Ҳусниддинович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи Дӯстии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Исмоилов Шералӣ Исмоилович, соли таваллудаш 1945, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Исмоилов Ш.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.
Содир намудани қаллобӣ вобаста ба автомашинаи сабукрави барқӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми ноябри соли 2023, дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 290 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ аз хориҷа ба ӯ 2-адад автомашинаи сабукрави барқӣ (электромобил) оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани ду ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 22 ба 23-юми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ шишаи автомашинаи шахсиаш тамғаи «Ҳюндай Аванте»-ро, ки дар кӯчаи Борбади пойтахт беназорат меистод, шикаста аз дохилаш 12 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 15 ва 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.