БОЗДОШТИ СОКИНИ БӮСТОНҚАЛЪА БАРОИ КУШТОРИ РОНАНДАИ ТАКСИ ДАР ШАҲРИ БОХТАР (АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 5 феврали соли 2024 аз боздошти сокини 35-солаи ҷамоати Бӯстонқалъа бо иттиҳоми одамкушӣ хабар дод.
Бино ба иттилои милитсия, рӯзи 4 феврали соли 2024 дар ҳудуди шаҳри Бохтар ки шахси номаълум бо истифода аз олоти буранда ронандаи таксӣ, ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Бохтарро ба ҳалокат расонида, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
“Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон бо гузашти як шабонарӯз гумонбари ҷинояти вазнин дастгир карда шуд, ки ин Расулов Рустамҷон Маҳмадшарипович санаи таваллудаш 15.02.1989, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати Бустонқалъа мебошад. Айни ҳол боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбаташ аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, сабабҳои аслии даст задани гумонбар ба чунин аъмоли зишт муайян карда мешаванд”, – гуфта мешавад дар хабар.
Моддаи 104 ҳамчун ҷазо барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндонро муқаррар кардааст.
РВКД вилояти Хатлон дар иттилоияаш одамкуширо “аз зумраи амалҳои зишту номатлуб ва зиддиинсонӣ” номида, навиштааст, ки қотил “бо даст задан ба чунин кирдори ғайриқонунии ба ҷомеа хафвнок на танҳо шарафи худу пайвандонашро паст мезанад, балки ба солимии хонаводаҳо хатар эҷод мекунад”.
Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 58 куштор ва сӯиқасд ба одамкушӣ (дар соли 2021 – 41 ҳолат) ва 131 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (дар соли 2021 – 133 ҳолат) сабт шуда буд. Ҳарчанд омори чунин ҷиноятҳои вазнин як каме рӯ ба коҳиш оовардааст, вале боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.