ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

САДАМАИ ЯК ДУХТАРИ 19-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН (ВИДЕО)

Шаби 3 феврали соли 2024 бар асари садамаи се мошин дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия 4 нафар, аз ҷумла 3 зодаи Тоҷикистон, бо шумули як кӯдаки дусола ҷароҳат бардоштаанд. БДА (ГАИ)-и шаҳри Қазон  дар Телеграм-каналаш як духтари 19-сола аз Тоҷикистон, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай Солярис”- гунаҳкори ин садама мешуморад. Гуфта мешавад, ин духтар тоза рӯзи 1 феврал аз Тоҷикистон ба Қазон омада, алакай баъди ду рӯзи омаданаш дучори садама шудааст.

БДА Қазон дар гузоришаш гуфт: “Шаби 3 феврали соли 2024 , соати 21.50, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, як духтари 19-солаи зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза рӯзи 1 феврал вориди қаламрави Русия шудааст, ҳангоми рондани мошини тамғааи “Ҳюндай Солярис” дар кӯчаи Муллонур Воҳидов банди 9.2-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Русияро вайрон карда, ба самти муқобили роҳ баромад ва ба мошини тамғаи “Ниссан X Trail”,  таҳти идораи сокини 42-солаи Ҷумҳурии Тотористон бархӯрд. Баъди ин  бархӯрд “Ниссан” аз роҳаш беҷо шуда, ба мошини тамғаи “Мерседес Бенс” таҳти идораи сокини 19-солаи шаҳри Қазон бархӯрдааст”.

Бино ба иттилои БДА Қазон, дар натиҷаи садамаи якбора 3 мошин 4 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Аз ҷумла:

  1. Духтари 19-солаи ронандаи “Ҳюндай” ҷароҳатҳои омехта бардошта, лаби поёну қафаси синааш осеб дидааст ва устухонҳои зону, сари сина ва буҷулаки пояш шикастааст.
  2. Мусофири 27- солаи “Ҳюндай”, низ зодаи Тоҷикистон, бо захми пешонӣ ва ҷароҳатҳои нонамоёни рӯ бистарӣ карда шудааст.
  3. Мусофири ноболиғи “Ҳюндай”, кӯдаки соли таваллудаш 2022 аз қисмати косахона ва мағзи сараш осебу ҷароҳат бардоштааст.
  4. Ронандаи 42-солаи “Ниссан” аз ҳарду зонуяш ва ҳам аз қафаси сина маҷруҳ шудааст.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса ҷиҳати кушодани парвандаи қонуншикании маъмурӣ ва ба роҳ андохтани тафтишоти маъмурӣ хулоса додаанд. БДА Қазон гуфт, “ҷузъиёти ҳодиса дақиқтар карда мешавад”.

Тафсилоти дигари садама нашр нашудааст. Вале дар видеои нашркардаи БДА Қазон дида мешавад, ки садамаи якбора 3 мошин дар як роҳи барфпӯш рух додааст.

БДА Қазон дар анҷоми гузоришаш аз ҳамаи ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хостааст, ки қоидаҳои ҳаракатро бекамукост ва бидуни чуну чаро иҷро кунанд ва ба ин тариқ ҳам ҳаёту саломатии худро ҳифз кунанд ва ҳам ҷони дигаронро ба хатар наандозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button