ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсонҶомеа

ҶАРИМАИ СОКИНИ ХУҶАНД БАРОИ ДАР ТАРАБХОНАИ “АНОРА” ГУЗАРОНДАНИ “ДОМОДТАЛБОН” (ВИДЕО)

Маъмур Темуров, сокини 45-солаи шаҳри Хуҷандро барои вайрон кардани қонуни танзими расму ойин ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Худи Темуров барои шарҳи қазия дастрас нест, вале Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 3 феврали соли 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки вайрон шудани қонуни танзим аз сӯи ин сокини Хуҷандро кормандони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии милитсияи Суғд дар асоси маълумоти фаврии бадастовардаашон ошкор кардаанд.

Бино ба гузориши милитсия, Темуров баъди ба шавҳар додани духтараш маъракаи “домодталбон”-ро дар тарабхонаи “Анора”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо даъвати беш аз 70 меҳмон ва ҷалби санъаткорон баргузор кардааст.

Ин амали Маъмур Темуровро мақомот хилофи муқаррароти моддаи 10 қонуни танзими маъракаҳо номидаанд, ки бар асоси он, маъракаи домодталбон ё арӯсбинон бояд фақат дар ҳалқаи оила ва бо иштироки то 15 нафар ва он ҳам ба таври ихтиёрӣ гузаронда шавад.

Дар робита ба ин ҳолати вайрон кардани қонуни танзим протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба сокини Хуҷанд Маъмур Темуров бар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои вайрон кардани қонуни танзим ҷарима ба маблағи то 7920 сомонӣ таҳдид мекунад.

Ахиран додситонии вилояти Суғд хабар дод, ки дар давоми як соли охир дар шимоли Тоҷикистон беш аз 200 мавриди вайрон кардни қонуни танзими расму ойин сабт шудааст.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда, соли 2017 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз танзими тӯю маъракаҳои мардум ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд ва мегӯянд, ин қонун ба мардум имкон медиҳад, ки ба ҷои исрофи беҳуда дар тӯю маъракаҳо пулашонро сарфа карда, барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон, барои мисол, барои рафтан ба истироҳат ё пули таҳсили фарзандонашон харҷ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button