
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 3 феврали соли 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” аз ошкор шудани ду муноқишаи хунини оилавӣ дар шаҳри Истаравшан хабар дод. Дар як ҳолат сокини шаҳраки Ваҳдат бародари хунии худашро корд задааст ва дар як ҳолати дигар домод аз Панҷакент – ҳамсари ҳомилаашро.
Аз ҷумла сокини шаҳраки Ваҳдати ҷамоати Гули Сурх Маҳмудов Шоҳрӯз Саноқулович, соли таваллудаш 1994, шаби 28 январи соли 2024, тақрибан соати 22, дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи бародараш Шодмеҳр Маҳмудӣ як зарбаи корд зада, ба ӯ ҷароҳати барои саломатӣ хафвнок расондааст. Шодмеҳр Маҳмудӣ, ки ҳоло дар бемористон таҳти табобат қарор дорад, дар ин гузориш нақл кард, ки ин ҳодиса дар пеши чашмони модарашон рух дод.
“Як мушт задам, ки вай кордро гирифт. Ман худамро дур гирифтам ва сипас хостам, ки кордро аз дасташ гирам, то ки ба модараму акоям, ки дар хона буданд, назанад мабодо. Дар ҳамин вақт чӣ хел шуд, ки кордро зад. Ман ҳатто нафаҳмидам мондам, ки чӣ хел корд ба баданам даромаду боз баромад”, – нақл кард Шодмеҳр Маҳмудӣ аз рӯи кати бемористон.
Шавкат Султонов, табиби ҷарроҳ мегӯяд, Шодмеҳр Маҳмудиро бо ҷароҳати тарафи рости қафаси сина ва даридани қисмати поёнии шуш бистарӣ карда буданд ва ба болои ин, ҳангоми ҷарроҳӣ бемор хуни зиёдеро талаф дод, аммо ба табибон муяссар шуд, ки бо реинфузияи хун ба бадани бемор ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд.
Дар шаҳраки Ваҳдати ҷамоати Гули Сурх 126 оилае ба сар мебаранд, ки ҳанӯз 24 сол қабл бо қарори ҳукумат ба сабаби баланд будани хатари фурӯ рафтани теппаҳои атрофи деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ аз ватани бобоияшон ба инҷо кӯчонида шуданд. Ҳукумат он вақт боз беш аз 70 оилаи дигарро аз Вашан ба ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) кӯчонда буд.
Акбар Шарифӣ сабаби муноқишаи бародарони ҳамхунро нофаҳмиҳои оилавӣ дар заминаи ночизи маишӣ меномад ва мегӯяд, аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ва ҳар тасмиме, ки дар ҳолати мастӣ ва хашму ғазаб гирифта мешавад, метавонад ба чунин оқибатҳои ногувор боис шавад.
Худи Шоҳрӯз Маҳмудов, ки ҳоло бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатии додараш дар ҳабс қарор дорад, ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Ман дар меҳмонхонаамон дароз кашида, мусиқӣ гӯш мекардам. Вай (ҷабрдида Шодмеҳр Маҳмудӣ) талаб кард, ки мусиқиро паст кунам. Ман каме паст кардам овозашро ва ба гӯш карданам идома додам. Вале табъи вай нохуш буд, ба фикрам, ки омаду маро 4 маротиба зад. Аз ин ҷаҳли ман ҳам омаду дар ҳавои мастӣ яке задам. Намехостаму баногоҳ чӣ хеле шуд…”
Ҳамин тавр, шоми 19 январи соли 2024, тақрибан соати 19, шаҳрванд Асадов Шаҳзод Қамарович, соли таваллудаш 2000, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан сокини деҳаи Қалъачаи Баковул дар канори шаҳри Истаравшан ба шиками ҳамсараш Норқулова Хуршеда Кимсановна як зарбаи корд зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст. Он ҳам дар ҳоле ки Хуршеда ҳомила буд.
Шаҳзод Асадов дар барнома эътироф кард, ки муноқишаи онҳо дар заминаи рашк сар задааст.
Ӯ гуфт: “Ман бо телефон бо як зани бегона гап мезадам, ки вай ногаҳон ба хона даромад ва ҷанҷолро сар кард. Ман ду шаппотиаш задаму гуфтам, ки ҷим шин. Вале вай боз баландтар ғалоғӯла кард. Маст ки будам, нафаҳмидам, чӣ хел корд ба вай расидааст…”
Хушбахтона, бо кумаки табибон тавонистанд ҳам Хуршеда Норқулова ва ҳам тифли батни ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Аммо акнун ба Шоҳрӯз Маҳмудов ва Шаҳзод Асадов бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

