Хабарҳои кӯтоҳ

ТОХТУТОЗИ САРДИҲО ВА ЯХБАНДОН ДАР ТОҶИКИСТОН КАМАШ ТО 7 ФЕВРАЛ ИДОМА ХОҲАД ЁФТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 3 феврали соли 2024 бо нашри як ҳушдори ҷадид сокинон ва меҳмонони кишварро хабардор кард, ки тохтутози ҳавои сард бо барфу боришот ва яхбандон дар ҷумҳурӣ метавонад камаш то 7 феврал давом кунад.

Бино ба маълумоти ҳавошиносон, рӯзҳои 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, дар аксари минтақаҳо барфу борон пешбинӣ карда мешаванд. Боришоти шадид дар бархе манотиқ бахусус дар давоми рӯзи 3 феврал ва шаби 4 феврал пешбинӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, рӯзҳои 5-6 феврал дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон туман фаромада, дар ағбаҳо тӯли биниш ҳамагӣ то 500 метрро ташкил диҳад ва ба равуои воситаҳои нақлиёт мушкил офарад.

Ҳамин тавр, бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 4-7 феврали соли 2024 дар роҳҳои кӯҳистон яхбандон боқӣ монда, рӯзҳои 3-5 феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ хатари фурӯ рехтани тармаҳо хеле болост.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагоне, ки дар ин рӯзҳо нақшаи сафар доранд хостаст, то пеш аз баромадан ба роҳ дар бораи вазъи роҳу обу ҳаво маълумоти муътамад гирифта, мошинҳои худро аз пеш барои сафар омода кунанд. Аз ҳама хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳои вазнину хатарнок ҳадалимкон аз ҳар навъ сафарҳои бидуни зарурати оҷил худдорӣ кунанд.

Аз сокинон низ хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо ба шикору моҳидорӣ ва барои анҷоми корҳои саҳро набароянд, либосу пойафзоли гарм бипӯшанд ва кӯдаконро эҳтиёт кунанд.

Кумита пойфишорона аз ҳама хостааст, ки тамоми қоидаҳои бехатариро риоя карда, ҳаёти худу дигаронро зери хатар наандозанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пеш аз ин аз ҳама хоста буд, ки дар сурати дучор шудан ба ҳодисаҳои фавқулодда ба ин рақамҳо занг бизананд:

Рақами ягонаи наҷотдиҳандагон: 112

Қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, (+992 37) 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button