ҲАМЛАИ ҲАВОИИ АМРИКО БА 85 ҲАДАФИ МАРБУТ БА НИРӮҲОИ ҚУДСИ ЭРОНРО ДАР ИРОҚУ СУРИЯ

Амрико дар посух ба ҳамлаи рӯзи 28-уми ҳавопаймоҳои бесарнишин ба пойгоҳи низомиаш дар қаламрави Урдун, ки боиси кушта шудани 3 сарбоз ва маҷрӯҳ гардидани зиёда аз 40 низомиаш шуда буд, шаби 3-юми феврали соли 2024 ба 85 ҳадаф дар қаламрави Ироқ ва Сурия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Бино ба гуфтаи артиши Амрико ва вазорати дифои ин кишвар (Пентагон), нерӯҳои Амрико дар Ироқу Сурия қароргоҳҳои нерӯҳои “Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва гуруҳҳои ниманизомии вобаста ба Эронро мавриди ҳамла қарор додаанд.
Ллойд Остин, вазири дифои Амрико таъкид кард, ки “85 иншооти марбут ба ҳафт созмону ниҳодҳои мухталифи вобаста ба Ҷумҳурии исломии Эрон ҳадаф қарор дода шуд”.
Бино ба бовари ӯ, маҳз гурӯҳҳои вобаста ба Эрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқу Сурия ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд. Аз ин лиҳоз Ҷо Байден ба ӯ дастур додааст, “то ба нерӯҳои мавриди ҳимояи Эрон ва ҳамчунин нерӯҳои “Қудс”-и Эрон ба далели ҳамлаҳояшон ба мавзеъҳои Амрико ва эътилофи низомии байналмилалии зидди ДОИШ посух бидиҳад”.
Ҳамчунин вазири дифои Амрико таъкид кард, ки “ин ҳамлаҳо танҳо оғози вокуниши Амрико ба кушта шудани сарбозони амрикоӣ аз ҷониби ниманизомиёни таҳти ҳимояи Эрон аст”.
Аммо дар ҳамин ҳол давлати Сурия дар вокуниш ба мавриди ҳамла қарор гирифтани хоки худ аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Амрико гуфтааст, ки “ишғоли хоки Сурия наметавонад идома пайдо кунад”.
Дар баёнияе, ки хабаргузории давлатии Сурияи “САНО” аз номи артиши Сурия нашр кардааст, омадааст, ки “ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар Сурия болои минтақаи аҳолинишин сурат гирифта, чандин кушта ва теъдоди зиёдеро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт”.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфтааст, ки “дар ин ҳамалоти Амрико дастикам 6 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд”.
Шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” гузориш додааст, ки манотиқи Ҳайдария ва Шабалӣ дар вилояти Ал-Маёдини Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
“Скай-нюс арабӣ” бо такя ба манобеи худ гузориш медиҳад, ки аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Амрико пойгоҳҳои шибҳинизомиёни гурӯҳи “Фотимиюн” ва “Зайнабиюн” дар шарқи Сурия бомбаборон шудаанд. “Скай-нюс” гуфт, ҳарду ин гурӯҳ мавриди ҳимояи Эрон қарор доранд,
Дар навбати худ давлати Ироқ низ ҳамалоти Амрико дар хоки худро маҳкум намуда, гуфтааст, ки “ҳамлаҳои Амрико истиқлолияти Ироқро поймол мекунад”. Нахуствазири Ироқ Муҳаммадшиеъ Судонӣ дар баёнияе гуфт, ки дар ин ҳамалоти Амрико ба хоки Ироқ 16 тан кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ӯ таъкид кард, ки шумори зиёди кушташудагон мардуми осоиштаанд.
Судонӣ аз қабл огоҳ накардани мақомоти Амрико барои ҳамлаи ҳавоӣ ба хоки кишварашро таъйид намуда, афзуд, ки “аз ин пас, вуҷуди нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии Амрико дар хоки Ироқ таҳдиде барои амнияти кишвар ҳастанд “.
Сухангӯи ҳукумати Ироқ генерал Яҳё Расул бо нишони эътироз ба мақомоти амрикоӣ гуфтааст, ки “ҳамлаҳои Амрико дар хоки Ироқ оқибатҳои фоҷиабор барои амният ва суботи Ироқ ва минтақа хоҳанд дошт “.
Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар Ироқу Сурияро “шадидан маҳкум” намуда, ин ҳамлаҳоро “нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии Ироқ ва Сурия ва ҳамчунин ҳуқуқи байналмилал ва нақзи сареҳи Ойинномаи Созмони Милал” хонд. Ҳамчунин ёдовар шуд, ки “ин ҳамлаҳо иқдоми моҷароҷӯёна буда, Амрикоро бештар аз қабл дар минтақа даргир мекунад”.
Эрон дар навбати худ даст доштанаш ба ҳамлаҳои шибҳинизомиён ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқу Сурияро рад намуда, такрор ба такрор мегӯяд, ки ин гурӯҳҳо дар иқдомгириҳояшон озоданд ва бо Теҳрон маслиҳат ва ё машварате намекунанд.
Пас аз кушта шудани 3 сарбози амрикоӣ дар Урдун дар пойгоҳи низомии “Бурҷи 22” бархе сиёсатмадорони амрикоӣ ва расонаҳои ин кишвар, аз президент Ҷо Байден хоста буданд, то мавзеъҳоеро дар хоки Эрон мавриди ҳадаф қарор диҳад. Аммо гуфта мешавад, ки ҷониби Эрон аз роҳҳои дипломатӣ тавассути Қатар ва Ироқ ва ҳам тавассути матбуот ба Кохи сафед ҳушдор доданд, ки дар сурати мавриди ҳамла қарор гирифтани қаламрави Эрон “ҷавобҳои дандоншикан” хоҳанд дод.

