Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки қувваозмоиҳояшро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар анҷом дод, шаби шанбе, 3 феврали соли 2024 ба Ватан бармегардад. Ҳавопаймо бо футболбозони тоҷик соати 23:20 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе хоҳад нишаст. Аз ҳоло мухлисони тоҷик аз якдигар даъват карда истодаанд, ки ба пешвози тими миллӣ ба фурудгоҳ бираванд ва ба онҳо барои ҳунарнамоии хуб ва натиҷаҳои таърихие, ки дар Ҷоми Осиё ба даст оварданд, изҳори сипос кунанд.
Тими миллии Тоҷикистон, ки бори аввал дар таърихаш ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд, дар маҷмуъ дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ маротиба ба майдон баромад. Дастпарвардони Петр Сегрт дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Лубнон пирӯз шуда (2:1), бо Чин мусовӣ (0:0) намуданд ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрданд (0:1) ва бо касби ҷои дуюм ба марҳалаи баъдии мусобиқот роҳ ёфтанд, ки ин боз як дастоварди дигари таърихии футболи тоҷик буд.
Дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ футболбозони тоҷик мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст доданд (1:1, 5:3 аз рӯйи пеналти). Мутаассифона, шоми 2 феврал дар бозии даври чорякниҳоӣ футболбозони тоҷик дар як рақобати ба сурати умум баробар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд ва аз имкони баромадан ба даври нимарниҳоӣ ва ба даст овардани медалҳои Ҷоми Осиё маҳрум шуданд.
Бо ин вуҷуд, тими миллии Тоҷикистон дар нахустин ҳунарнамоии худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори 8 тими беҳтарини қитъа ворид шуд, ки ин ҳам як натиҷаи андак нест.
Шоми 2 феврал баъди бохт аз Урдун, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки маҳз барои тамошои ин бозӣ рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо як ҷамъи бузурги мухлисон аз Душанбе ба Қатар сафар карда буд, ба қароргоҳи футболбозони тоҷик омад ва онҳоро дилбардорӣ карда, барои ҳунарнамоии шоистаашон ва натиҷаи таърихие, ки дар Ҷоми Осиё-2023 нишон доданд, ба онҳо изҳори сипос кард.
“Тамоми Тоҷикистон бо шумо фахр мекунад! Ташаккур ба шумо барои ҳунарнамоии арзанда! Шумо ҳамаи корро кардед. Имрӯз бахт ба мо нахандид. Аммо шумо то сонияҳои охир мубориза бурдед. Рӯҳафтода набояд шуд. Ин зиндагист. Пастию баландӣ дорад, ҳам ғалаба дорад, ҳам шикаст дорад. Барои ҳамааш ташаккур!” – гуфт хитоб ба аъзои тими миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.
Ёдовар мешавем, ҳанӯз бо рақобат бо Урдун эълон шуда буд, ки Рустами Эмомалӣ ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аъзои тими миллиро барои баромадан аз гуруҳ ва пирӯзӣ дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Иморот дар маҷмӯъ бо 450 ҳазор доллар қадрдонӣ карда, корхонаи муштараки тиллои Тоҷикистону Хитой “Зарафшон” низ барои тими миллии футболи Тоҷикистон барои ҳунарнамоии бомуваффақияташ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар ва баромадан ба даври чорякниҳоӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Ин бузургтарин маблағи ҷудошуда барои қадрдонии варзишгарони тоҷик то имрӯз ба шумор меравад.
Барои пирӯзӣ бар Урдун дар даври чорякниҳоӣ Рустами Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон боз 200 ҳазор доллар ва корхонаи “Зарафшон” 3 миллион сомонии дигар ваъда дода буданд, вале мутаассифона, дар бозӣ бо Урдун бахт ба рӯи футболбозони тоҷик нахандид.