ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ТАҲДИДИ ҲУКМИ ЗИНДОН БА ШЕРЗОД ФОЗИЛОВ БАРОИ ТИРПАРОНӢ ВА ҲАМЛА БА ПУЛИС ДАР МАСКАВ

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки парвандаи  зодаи Тоҷикистон Шерзод Фозилови 23-сола, ки моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Маскав аз туфангчаи пневматикӣ ду занро захмӣ карда, ба болои ин ҳангоми боздошт ба пулис муқовимат нишон дода буд, ба додгоҳ супурда шудааст.  Ӯ бар асоси моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ бо истифода аз силоҳ ва бар асоси моддаи 318 ба зӯроварӣ нисбат ба пулис айбдор мешавад. Ба Шерзод Фозилов барои авбошӣ то 7 соли зиндон ва барои ҳамла ба пулис то 5 соли дигар таҳдид мекунад.

Худи Шерзод Фозилов ва як дӯсташ, ки низ шоҳиди айнии ҳодиса буд, барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, рӯзи 28 октябри соли 2023 дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Софя Ковалёвская дар шимоли Маскав, тири аз пистолети  пневматикӣ ба замин холикардаи Фозилов аз асфалт ҷаста, ба дасти як ҷавонзан задааст. Ин ҷавонзан, ки бо кӯдаки шашсолааш дар истгоҳ мунтазири автобус буд, аз Шерзод ва дӯсти ӯ, ки сигор мекашиданд, хоҳиш карда будааст, ки каме дуртар аз истгоҳ сигор бикашанд, то дудаш ба димоғи кӯдаки ӯ нарасад.

Баъди ин Шерзод ва дӯсташ ба як автобусе, ки он лаҳза ба истгоҳ расид, савор шуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, вале моҷарои онҳо бо ҳамин тамом нашудааст.

Шерзод Фозилов ҳангоми фирор дар  дохили автобус ба тарафи як зани дигар низ аз пистолеташ тир холӣ карда, ҳангоми боздошт ба кормандони пулис ҳам муқовимат нишон додааст.

Юлия Иванова, сухангӯи Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав шоми 28 октябр бидуни нашри номи гумонбаршаванда хабар дода буд, ки нисбат ба як зодаи Тоҷикистон дар робита ба амалҳои авбошонааш дар шимоли Маскав парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иванова дар шарҳи ин парванда гуфт: “Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 28 октябри соли 2023, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Софя Ковалёвская дар шаҳри Маскав, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо мақсади ба атрофиён муқобил гузоштани худ ва намоиши беэҳтиромии худ ба атрофиён, яъне аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос аз силоҳи пневматичекӣ ба рӯи асфалт тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа тир ҷаста, ба як зан, ки бо кӯдаки хурдсол онҷо истода буд, бархӯрдааст. Баъди ин, мард ба автобус нишаста, боз ҳам бе ягон асос ба тарафи як зани мусофири ин автобус тир холӣ кардааст”.

Кӯчаи Софя Ковалёвская, ки ба номи олими машҳури математика ва нахустин зани профессор ва узви вобастаи Академияи илмҳои Петербург гузошта шудааст,  дар шимоли Маскав дар байни гулгаштҳои Бескудниковский ваи Карелский дар ҳудуди ноҳияи Дмитрови ҳавзаи маъмурии Шимолӣ ҷойгир шудааст. Ин кӯча бо ҳавзҳои Ангар (Ангарские пруды) ва боғҳои худ, ки ҳар рӯз садҳо тан аз сокинони атрофро ба инҷо ҷалб мекунанд, машҳур аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button