АЗ БАҒОЧИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ 44 КИЛО ТАСБЕҲУ ҶОЙНАМОЗУ ҲИҶОБУ ТОҚӢ ЁФТААНД (4 АКС)

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия аз бағочи як зани тоҷики мусофири парвози Душанбе-Екатеринбург 44 кило молҳои мазҳабӣ, аз ҷумла беш аз 200 тасбеҳ, 48 рӯймол, 17 тоқӣ, 19 ҷойнамоз, 12 сачоқ ва 100 шиша барои рангубори чашм пайдо кардаанд.
Кормандони боҷхона гуфтанд, ки ин зан ба ҷои пур кардани эъломияи гумрукӣ мехост аз “роҳрави сабз гузарад”. Ба гуфтаи кормандони боҷхона, аз “роҳрави сабз” танҳо молҳоеро метавон гузаронд, ки барои истифодаи шахсӣ бошанд, вале молҳои аз ин мусофир ёфтшуда зоҳиран молҳои тиҷоратӣ мебошанд.
“Ҳаҷм ва якхела будани молҳо нишон медиҳанд, ки ин молҳо барои истифода шахсӣ пешбинӣ нашудаанд”, – гуфтаанд дар боҷхона.
Сергей Баландин, сардори боҷхонаи Колтсово хабар дод, ки зани мусофир дар суҳбат бо кормандони боҷхона эътироф кардааст, ки як писараш дар Екатеринбург дар мағоза кор мекунад ва ин молҳоро бо хоҳиши писараш ба Русия овардааст. Худи ин зан ё наздиконаш барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.
Ин 44 кило молро аз ин зан гирифта, бо мақсади муайчн кардани арзишашон ба ташхис фиристодаанд. Нисбат ба зан протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва ба ӯ ҷарима таҳдид мекунад. Ба гуфтаи кормандони боҷхона, баъди пардохти ҷарима ӯ метавонад молҳояшро пас бигирад, вале танҳо дар сурати риояи муқаррароти гумрукӣ ва пардохти ҳама боҷу хироҷи лозим.
Ин бори аввал нест, ки мусофирон аз Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия барои бо худ овардани миқдори зиёди молҳои мазҳабӣ ба даст меафтанд.
Қаблан моҳи ноябри соли 2023 хабар омада буд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия кормандони боҷхона аз бағочи як зани мусофир аз Тоҷикистон 37 кило молҳои мазҳабӣ, аз ҷумла 38 ҷойнамоз, 49 рӯймол ва 100 тасбеҳ пайдо карданд. Ӯ дар суҳбат бо кормандони боҷхона пойфишорӣ кардааст, ки ин ҳамаро ҳамчун туҳфа барои дӯстонаш мебарад. Аммо кормандони боҷхона ба ин тавзеҳи ӯ бовар накардаанд ва хулоса додаанд, ки молҳои гирифташуда аз ин зани тоҷикистонӣ молҳои тиҷоратӣ аст ва ӯ мебоист қабл аз ворид кардани онҳо ба қаламрави Русия молҳояшро тавассути эъломияи гумрукӣ нишон медод.
Ва аммо як муҳоҷири тоҷики муқими Русия рӯзи 8 ноябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки борҳои аз ин зан мусодирашуда аслан барои тиҷорат набуд.
“Ҳамсари ман ба зиёрати Ҳаҷ рафтааст. Азбаски пойҳояш дард мекунанд, бо худ аз Маккаву Мадина овардани туҳфаҳо мушкил буд. Ба ҳамин хотир, мо туҳфаҳоро дар Тоҷикистон фармоиш додем ва ин хоҳар, ки бо ду фарзандаш ба Русия меомад, розӣ шуд, ки бо худ ин туҳфаҳоро биорад. Мутаассифона, дар фурудгоҳ ҳамаашро гирифтанд. Ин молҳо ҳамааш барои кори савоб буд, на барои тиҷорат”, – нақл кард ин муҳоҷир.
Дар бораи сарнавишти баъдии молҳои аз ин зан мусодирашуда дигар маълумоте нашр нашуд.





