25 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМҲОИ РАҲБАРИИ ВКД: НОМ БА НОМ

Ахиран дар сохторҳои раҳбарии дастгоҳи марказии ВКД Тоҷикистон ва раёсатҳову шуъбаҳои милитсия дар вилояту шаҳру ноҳияҳои гуногун якбора 25 тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд. Рӯзи 2-юми феврали соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи ВКД таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфта, аз онҳо хостааст, ки содиқона ва аз рӯи виҷдон ба халқу давлат хидмат кунанд ва камаш ду забони хориҷиро бидонанд.
Аз миёни ин 25 таъйинот аз ҷумла полковник Ғайратшо Муборакшозода муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Рустам Шафизода сардори РВКД вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, генерал-майор Ҳусейн Халилзода сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайъати шахсии ВКД, полковник Пулод Насуриён сардори Академияи ВКД, полковник Саидаҳмад Маҳмадҷонзода сардори раёсати таҳқиқ, полковник Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) ва полковник Ҳабиб Қаҳҳорӣ, фарзанди вазири собиқи корҳои дохилӣ генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД таъйин шуданд.
Тавре аз ин тағйирот бармеояд, аз генералҳои ахиран барканоршуда танҳо Саиднахш Раҳмонзода, ки қаблан муовини вазир буд, ба вазифаи сардори муассисаи нақлиётии ВКД таъйин шудааст, ки ҳарчанд вазифаи “равғанин” аст, вале барои нафари соҳиби рутбаи генерал чандон баланду шоиста ба назар намерасад. Дигар барканоршудаҳо, аз ҷумла домоди вазир генерал Шодӣ Ҳафиззода ва сардори собиқи раёсати кадрҳо Сӯҳроб Рамазонзода, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз афроди хеле пурнуфуз дар ВКД ба шумор мерафтанд, ба ягон вазифаи нав таъйин нашудаанд. Манбаи “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки гӯё аз “боло” чунин дастур шудааст, ки онҳоро дигар ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод накунанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВКД инҳо ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд. Аз он ҷумла:
1. полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ;
3. генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. генерал-майори милитсия Раҳмонзода Сайнахш Ҳаким ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. полковники милитсия Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. полковники милитсия Мирализода Абдуҷаббор Азизулло ба вазифаи сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. подполковники хизмати дохилӣ Раҳимзода Давлатбӣ Алам ба вазифаи сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. полковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. полковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
13. полковники милитсия Муҳидинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
14. полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Палвон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;
15. полковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
16. подполковники милитсия Назарзода Манучеҳр Исломиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;
17. полковники милитсия Саидзода Зафар Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон;
18. подполковники милитсия Иброҳимзода Камолиддин Абдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;
19. майори милитсия Юсуфзода Абдусаттор Ғайратшоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон;
20. подполковники милитсия Шодизода Ҷамшед Шодӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
21. подполковники милитсия Абдуллоев Сулаймон Қурбонович ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушони ВМКБ;
22. подполковники милитсия Каримӣ Раҳматуллои Расулзода ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт;
23. подполковники милитсия Қаландарзода Алиҷон Қурбонбой ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиётбудаи вилояти Суғди Раёсати ВКД дар нақлиёт;
24. майори милитсия Самадзода Раҷабалӣ Файзалӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
25. подполковники милитсия Бурҳонзода Зокир Бурҳон ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйиншуда таъмини волоияти қонун, сулҳу суботи комил, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои халалдоркунандаи оромиву субот дар мамлакат ва донистани ду забони хориҷиро вазифаи ҳар корманди ВКД –номидааст.
Ӯ афзудааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд пайваста бо мардум ҳамкорӣ намуда, арзу шикояти мардумро баррасӣ намоянд, барои сари вақт ошкор намудани ҷиноят ва пешгирии он тамоми шароиту имконияти мавҷуда ва донишу маҳорати касбиашонро истифода бурда, волоияти қонунро таъмин намоянд.
«Содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ хизмат намоед!», — таъкид кардааст президент дар интиҳои суҳбат.
Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст, дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод кард ва супориш дод, ки тамоми роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, бо шумули додситонҳо бо муовинонашон, сардорон ва муовинони сардорони милитсия, Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир гуруҳҳои фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз мансаб биронанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷаласа ҳамчунин аз мақомҳояшон рондани чандин роҳбарони раёсатҳо ва муовинони вазирони қудратиро ҳам талаб карда, билофосила баъди анҷоми ҷаласа фармони 30 фоиз ихтисор кардани шумораи кормандони БДА-ро имзо кард.
Ахиран хабар омад, ки дастикам 5 генерал, аз ҷумла ”, Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким – генерал-майори милитсия, аз мақоми муовини вазир, Рамазонзода Суҳроб Кароматулло – генерал-майори милитсия аз мақоми сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайъати шахсии ВКД, Ализода Анварҷон Ҷума – генерал-майори милитсия аз мақоми сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, Раҳимзода Абдураҳим аз мақоми сардори раёсати 7-уми ВКД (“разведка”) ва Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – генерал-майори милитсия ва домоди Раҳмонқул Раҳимзода. бародари калонии вазири дохила Рамазон Раҳимзода, аз мақоми сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона, маълум ба УБОП ё “шуъбаи 6-ум” барканор карда шудаанд.

