ВидеоСиёсатТоҷикистон

ТАБАДДУЛОТ ДАР ВКД? БАРКАНОРИИ 5 ГЕНЕРАЛИ БАЛАНДПОЯ ВА ПУРНУФУЗИ ВКД ТОҶИКИСТОН

Чанд манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 1 феврали соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабари дар поёни моҳи январ барканор шудани дастикам 5 генерали баландпоя ва пурнуфузи ВКД ҷумҳуриро тасдиқ карданд.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким – генерал-майори милитсия, аз мақоми муовини вазир, Рамазонзода Суҳроб Кароматулло – генерал-майори милитсия аз мақоми сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайъати шахсии ВКД, Ализода Анварҷон Ҷума – генерал-майори милитсия аз мақоми сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, Раҳимзода Абдураҳим аз мақоми сардори раёсати 7-уми ВКД (“разведка”) ва Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – генерал-майори милитсия ва домоди Раҳмонқул Раҳимзода. бародари калонии вазири дохила Рамазон Раҳимзода, аз мақоми сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона, маълум ба УБОП ё “шуъбаи 6-ум” барканор карда шудаанд.

Аз ин шумор Саиднахш Раҳмонзода бо қарори расмии ҳукумат ҳанӯз рӯзи  27 январи соли 2024 аз мақом барканор шуда буд, вале барканории 4 нафари дигар рӯзи 31 январ эълон карда шудааст.

Манобеи огоҳи “Бомдод” мегӯянд, овозаҳое ҳам чарх мезананд, ки аз боло дастур шудааст, то ки ин нафарони барканоршуда дигар ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод карда нашаванд.

“Инҳо доираи таъсиргузор ва наздик ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ буданд ва ҳама кори вазоратро ҳаминҳо ҳал мекарданд. Аз ҷумла дар масъалаи таъйин ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Дар ҳоле ки синни Саиднахш Раҳмонзода ба 62 расида, вақти ба нафақа рафтанаш ҳам фаро расида буд, Анварҷон Ализода ҳамагӣ 51 сол, Сӯҳроб Рамазонзода     45 сол ва Шодӣ Ҳафиззода ҳамагӣ 43 сол доранд ва ҳанӯз ба синни нафақа нарасидаанд. Дар бораи Абдураҳим Раҳимзода ба далели нозукиҳои ҷои кораш, ки ба масоили “разведка” (иктишоф) сару кор дорад, дар манобеи боз ягон маълумот вуҷуд надорад.

Ба ҷуз аз қарори барканории Саиднахш Раҳмонзода, фармони барканории боқӣ генералҳои ВКД ҳанӯз расман дар сомонаи ВКД нашр нашудааст ва дар бораи инки ба ҷои инҳо киҳо ба вазифаҳои калидӣ таъйин шуданд?, низ то ҳол маълумоте дар даст нест.

Аввалин шуда дар бораи барканории роҳбарони баландпояи ВКД Тоҷикистон шоми 31 январ Додоҷон Атовуллоев, журналист ва сиёсатмадори тоҷики муқими Олмон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. Ӯ аз барканории дастикам 8 мансабдори баландпояи ин вазорат, бо шумули дастикам 4 генерал хабар дода, ин тағйироти кадриро “табаддулот дар ВКД” номид, ки ба иттилои ӯ, алорағми хости вазир Рамазон Раҳимзода сурат гирифтааст, зеро ин афроди барканоршуда, ба таъбири Додоҷон Атовуллоев, наздиктарин ва бовафотарин атрофиёни Раҳимзода буданд.

Додоҷон Атовуллоев навиштааст, ки ба ин тартиб, масъалаи аз мақом рафтани худи вазири корҳои дохилӣ низ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

“Табаддулот бо чӣ меанҷомад, ҳанӯз то охир рӯшан нест. Рамазон Раҳимзодаро ҳозир аз кор мегиранд ё бо ҳамроҳии Саймӯмин Ятимов – раиси КДАМ баъди имзои созишнома бо Қирғизистон? Бузмаков вазир мешавад ё Шоҳрух Саидзода?” – суол гузоштааст Додоҷон Атовуллоев.

Бузмаков –  насаби қаблии Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буда, Шоҳрух Саидзода  – сардори раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ва дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ, писари калонӣ ва вориси эҳтимолии президент Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст,  дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод кард ва супориш дод, ки тамоми роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, бо шумули додситонҳо бо муовинонашон, сардорон ва муовинони сардорони милитсия, Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир  гуруҳҳои фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз мансаб биронанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷаласа ҳамчунин аз мақомҳояшон рондани чандин роҳбарони раёсатҳо ва муовинони вазирони қудратиро ҳам талаб карда, билофосила баъди анҷоми ҷаласа фармони 30 фоиз ихтисор кардани шумораи кормандони БДА-ро имзо кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button