СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК МЕҲМОН АЗ ДУШАНБЕРО ҒОРАТ КАРДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз шурӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо иттиҳоми ғоратгарӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия мегӯяд, гумонбаршаванда шоми 26-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод бо роҳи ошкоро ва бо истифода аз зӯроварӣ аз дасти марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 12 Про»-ро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 365 долларро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Сабаби чунин рафтори сокини Зафаробод рӯшан нест, вале акнун ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 248 барои ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 5 ҳолати роҳзанӣ ва 61 мавриди ғоратгарӣ сабт шуда, дар тӯли соли 2022 дар кишвар 38 ҳолати роҳзанӣ ва 138 мавриди ғоратгарӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд дар соли 2023 чунин ҷиноятҳои сангин тамоюл ба сӯи коҳиш нишон медиҳанд, вале омори ҷиноятҳои вазнин дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.