РӮЗҲОИ 3-4 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРФУ БОРОН МЕРЕЗАД, ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 1 феврали соли 2024 бо нашри як ҳушдори вижа сокинон ва меҳмонони кишварро хабардор кард, ки тибқи пешбинии Агентии ҳавошиносӣ, рӯзҳои 3-4 феврали соли 2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар аксари минтақаҳо борону барф пешбинӣ карда мешаванд. Бино ба ҳушдори нашршуда, дар барх ноҳияҳои давоми рӯзи 3 феврал ва шаби 4 феврал барфу борон шиддат хоҳад гирифт.
Ба истиснои қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзҳои 1-4 феврал дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ туман мефарояд ва он боиси то 500 метр кам шудани тӯли биниш хоҳад шуд. Ҳамчунин рӯзҳои 1-2 феврал ҳарорати ҳаво шабона дар бархе манотиқи кӯҳистон то -15-20 дараҷа сард мешавад. Ба сабаби пойин рафтани ҳарорати шабона рӯзҳои 1-4 феврал дар роҳҳои кӯҳистон яхбандон пешбинӣ карда мешавад. Дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марка, вилояти Суғд ва дар ғарби Бадахшон хафви фаромадани тармаҳо бештар мешавад.
Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, аз сафарҳои бидуни зарурат, бахусус ба манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.
Аз ронандагон хоста мешавад, ки хеле эҳтиёт кунанд мошинҳои худро аз пеш омода карда, қабл аз сафар дар бораи вазъи обу ҳаво ва роҳҳо маълумоти пурраро бигиранд ва дар роҳ тамоми қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла суръат ва фосиларо бекамукост риоя кунанд.
Аз сокинони манотиқи кӯҳдоман ва кӯҳистон хоста мешавад, ки дар ин рӯзҳо шикору моҳидорӣ, ҷамъоварии ҳезумро маҳдуд ва чаронидани чорворо дар чарогоҳҳо комилан қатъ карда, зинҳор ба ин кор кӯдаконро сафарбар накунанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор, аз сокинон хоста шудааст, ки тамоми қоидаҳои бехатариро риоя карда, ҳангоми гарм кардани бухориҳо хеле эҳтиёт кунанд ва мӯриҳову дудбароҳоро тоза кунанд.
Дар сурати дучор шудан ба ҳодисаҳои фавқулодда фавран ба ин рақамҳо занг бизанед:
Рақами ягонаи наҷотдиҳандагон: 112
Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: (+992) 93 880 28 19, (+992 37) 223 13 11.

