ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДА ҲУҶҶАТ НАДОШТ… МАРГИ ДУ ЗАН ВА ЯК ДУХТАР АЗ ЯК ОИЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “АУДИ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати 5 нафар дар 3 садамаи рӯзҳои 29 ва 30 январи соли 2024 хабар дод.

Аз ҷумла шоми 29-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи “Ауди-6”, Дӯстов Муҳаммадюсуф Соҳибҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воистаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Раҳматова Сайрам Бӯриевна, соли таваллудаш 1945, Раҳматова Ҳалима Ҳикматовна, соли таваллудаш 1978, ва ноболиғ Раҳматова Фарзона Диловаровна, соли таваллудаш 2009, сокинони ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст. Дар натиҷа, ҳарсе узви як оила дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД гуфт, ронандаи “Ауди” бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ буд.
Шаби 29-уми январи соли 2024, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Соната”, Бердиев Азимбек Абдумуродович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши мошинаш ба бетонҳои хурди иҳотавии канори роҳ бархӯрда, сипас ба лӯлаи оҳанини канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Бердиев А.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Қараев Фазлиддин Ҳусниддинович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Турсунзода бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин рӯзи 30-юми январи соли 2024, тахминан соати 11:45, ронандаи мошини тамғаи «ДЭУ-Матиз», Абдуллоев Маҳмудҷон Русланович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Спитамен-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Собиров Шоҳҷаҳон Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро пахш кардааст. Дар натиҷа, ноболиғ Собиров Ш.Ҷ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button