ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ УКРАИНА 50 МИЛЛИАРД ЕВРО КУМАК ҶУДО МЕКУНАД

Роҳбарони ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 1 феврали соли 2024 дар Брюссел ҷиҳати дар 4 соли оянда барои Украина ҷудо кардани 50 миллиард евро кумаки иловагӣ ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) рӯзи панҷшанбе, 1 феврал Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо хабар дод.

Ин маблағгузории собит, дарозмуддат ва пешбинишваандаи Украинаро таъмин мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар амри пуштибонии Украина нақши раҳбарӣ ва масъулиятро ба дӯши худ мегирад.  Мо медонем, ки дар кони ин бозӣ чӣ гузошта шудааст “, – навишт Шарл Мишел.

Президенти Украина Владимир Зеленский низ дар Твиттер барои ин кумак ба кишварҳои Аврупо изҳори сипос кард ва гуфт, аҳамияти ин ёрии Иттиҳоди Аврупо барои Украина камтар аз ёриҳои ҳарбиаш нест. Зеленский афзуд: Хеле муҳим аст, ки ин қарор аз ҷониби ҳамаи 27 раҳбар қабул шуд, ки ин ваҳдати мҳками Иттиҳоди Аврупо ба намоиш мегузорад”.

Иттиҳоди Аврупо дар миёнаи моҳи декабри соли 2023 дар бораи шурӯи музокираҳо ҷиҳати ба ҳайъати ин созмон пазируфтани Украинаву Молдова ва ба Гурҷистон додани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо қарор қабул кард.

Аммо баъди қабули ин қарор Венгрия (Маҷористон), ки сарвазираш Виктор Орбанро ҳаводори президенти Русия Владимир Путин мешуморанд, ба қарори барои Украина ҷудо кардани 50 миллиард евро кумак вето гузошт. Орбан гуфт: “Мо ба ин масъала дар Шӯрои Аврупо соли оянда баъди омодагии комил бар хоҳем гашт”.

Рӯзи 29 январ вазири хориҷаи Венгрия Петер Сийярто аз Украина боздид карда, дар шаҳри Ужгород, ки бахши аъзами аҳолиашро маҷориҳо ташкил медиҳанд, бо ҳамтои украиниаш Дмитрий Кулеба ва раҳбари дафтари президенти Украина Андрей Ермак мулоқот кард. Ермак гуфт, дар баробари масоили дигар онҳо масъалаи тайёр кардани сафари Виктор Орбан ба Украинаро низ баррасӣ кардаанд.

Дар арафаи мулоқоти Ужгород нашрияи британиявии  Financial Times  дар як мақола бо такя ба як санади дохилии Иттиҳоди Аврупо навишт, ки агар Виктор Орбан ба бастаи кумакҳо барои Украина вето гузорад, Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба иқтисоди Венгрия зарбаи ҷонкоҳ хоҳад зад. Бино ба ин матлаб, Брюссел аз ҷумла ҷойҳои корӣ ва руҳди иқтисодии Венгрияро ҳадаф хоҳад гирифт, ки “метавонад касри буҷаи давлатиро боз ҳам афзуда, боиси уфти бештари қурби пули миллии Венгрия шавад”.  Пули миллии Венгрия форинт бе ин ҳам қурби хеле паст дорад ва ҳоло қурби як евро баробари 383 форинт аст.

Тасмими Иттиҳоди Аврупо барои ҷудо кардани 50 миллиард евро кумак ба Украина дар ҳолест, ки аз шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина ду сол мегузарад. Ҷанги Русия ба зидди Украина яке аз ҷангҳои аз ҳама бузургу хунин аз замони ҷанги дуюми ҷаҳон дониста мешавад.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард ва дар оғоз тавонист як қисми қаламрави ин кишварро ғасб кунад. Вале баъдан артиши Украина тавонист як қисми ин минтақаҳоро ишғолшударо аз дасти Русия пас бигирад.

 Тайи 23 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф наздики 100 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз ним миллион нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button