ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ФАРИДА МУМИНОВА – ҲУНАРПЕШАИ ШОИСТАИ РУСИЯ ВА ҲАМСАРИ СИТОРАИ КИНОИ ТОҶИК САИДО ҚУРБОНОВ

Фарида Муминова, Ҳунарпешаи шоистаи Русия ва ҳамсари ҳунарпешаи маъруфи театру кинои тоҷик Саидо Қурбонов, рӯзи 31 январи соли 2024 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Солҳои охир Фарида Муминова бо аҳли хонаводааш дар шаҳри Севастопол зиндагӣ мекард.

Фарида Шомиловна Муминова 23 ноябри соли 1957 дар шаҳраки Леснойи вилояти Кирови Русия ба дунё омадааст. Падари ӯ ӯзбек ва модараш рус буданд.

Фарида Муминова соли 1974, дар синни ҳамагӣ 17 нахустин нақшаш дар киноро иҷро кард. Ин нақши Гулбаҳор дар филми “Ҷинни ҳафтум”, маҳсули киностудияи “Ӯзбекфилм” буд.

Фарида Муминова соли 1976 омӯзишгоҳи хореографии Тошкандро ъатм карда, аз соли 1977 то 1979 дар ансамбли машҳури рақии “Баҳор” ҳунарнамоӣ кард. Ӯ сипас барои идомаи таҳсил ба Маскав рафта, соли 1883 риштаи ҳунарпешагии ВГИК (Донишкадаи кинематография)-ро дар устохонаи ҳунарпешаи шуҳратёр Борис Чирков хатм кард ва барои кор ба Душанбе, ба театри русии ба номи Маяковский фиристода шуд.

Фарида Муминова аз соли 1986 то 1991 дар саҳнаи театри русии Душанбе ҳунарнамоӣ кард ва маҳз дар ҳамин ҷо ба ҳунарпешаи тоҷик Сайдо Қурбонов дил баста, бо ӯ издивоҷ кард.

Баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Фарида Муминова ва Сайдо Қурбонов низ тарки Тоҷикистон карданд. Онҳоро дар қатори як гуруҳи бузурги ҳунарпешагони театри ба номи Маяковский коргардони шинохта Валерий Аҳадов бо худ ба Магнитогорск бурд. Аҳадов то соли 1998 саркоргардони театри драмавии ба номи Пушкини шаҳри Магнитогорск буд.

Нашрияи маҳаллии “Верстов.Инфо”  он солҳоро давраи тиллои театри Магнитогорск мешуморад. Ин нашрия дар матлаби сӯгворие бахшида ба даргузашти Фарида Муминова навишт: “Давраи Аҳадов дар театри драмавии Магнитогорскро бисёриҳо пурмаҳсултарин давра меноманд. Маҳз ҳамон солҳо дар Магнитогорск ҷашнвораи байналмиаллии “Театр бидуни марз” доир мешуд. Фарида Муминова  аз ҷониби коргардонҳои намоишномаҳо дар саҳнаи театри Магнитогорск хеле талабгори зиёд дошт ва бисёре аз мухлисон то ҳол ин ҳунарпешаи зебову боназокатро дар ёд доранд”.

Фарида Муминова аз аввалҳои солҳои 90 то соли 2004 дар театри Магнитогорск ҳунарнамоӣ кард ва соли 2006 ба Маскав, ба театри таҳти раҳбарии ҳунарманди шуҳратёр Армен Ҷигарханян “Прогресс Сцена” ба кор гузашт.

Ҳамсари ӯ Саидо Қурбонов аз ҳунарпешаҳои машҳури кинои тоҷики асри 20 дониста мешавад. Саидо Қурбонов 6 июни соли 1947 дар деҳаи Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба дунё омада, аз соли 1965 дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳунарнамоӣ оғоз кард. Ӯ дар даҳҳо филмҳои “Тоҷикфилм” нақш офаридааст. Саидо Қурбонов баъди ҳиҷраташ ба Русия дар авоили солҳои 90 ҳамроҳи ҳамсараш то соли 2004 дар театри Магнитогорск кор кард. Ӯ дар филмҳои русӣ низ нақшҳои зиёде офарида, мисли ҳамсараш Саидо Қурбонов низ сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Русия шудааст. Ӯ аз ангуштшумор ҳунармандони зодаи Тоҷикистон аст, ки сазовори ин унвони баланди фарҳангӣ дар Русия гардидааст.

Фарида Муминова
Сайидо Қурбонов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button