ВарзишВидеоНомаҳо ба президент

18 МИЛЛИОН СОМОНӢ (!!!) ВАЪДАИ ҶОИЗАИ КОРХОНАИ ТИЛЛОИ “ЗАРАФШОН” БА ТИМИ МИЛЛӢ БАРОИ ПИРӮЗӢ ДАР ҶОМИ ОСИЁ

Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон рӯзи 1 феврали соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки корхонаи муштараки тиллои Тоҷикистону Хитой “Зарафшон”  ба тими миллии футболи Тоҷикистон барои ҳунарнамоии бомуваффақияташ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар алакай 2 миллион сомонӣ ҷудо карда, ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиҳои баъдӣ ва ба даст овардани Ҷоми Осиё барои тими миллӣ дар маҷмӯъ 18 миллион сомонӣ, баробари тақрибан 1 миллиону 600 ҳазор доллар ҷоиза ҷудло мекунад. Чунин ҷоизаи бузург дар таърихи варзиши тоҷик бори аввал ҷудо карда мешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар иттилоияш гуфт: Дар партави таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қадршиносии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастовардҳои тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳо барои Ҷоми Осиё дар Давҳа, ки боиси сарфарозии ҳар як фарди тоҷик гардида, саноатчиёни кишвар низ ба ин ташаббус ҳамроҳ шуданд. Вобаста ба ин, саноатчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки «Зарафшон» тасмим гирифтааст, ки дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футболро бо мукофотпулиҳои иловагӣ ба андозаи зерин сарфароз намояд:

• барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ (1/4) – 2 миллион сомонӣ;

• барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 миллион сомонӣ;

• барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 миллион сомонӣ;

• барои соҳиб гардидани Ҷоми Осиё оид ба футбол – 8 миллион сомонӣ.

Аз ин қабл, рӯзи 30 январи соли 2024 шаҳрдории Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук ва канали расмии Рустами Эмомалӣ дар Телеграм хабар доданд, ки президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ тими миллии Тоҷикистонро барои ҳунарнамоии бомуваффақияташ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар алакай бо 450 ҳазор доллар қадрдонӣ карда, барои баромадан ба нимфинал ба футболбозони тоҷик боз 200 ҳазор доллар ҷоизаи дигар ваъда додааст.

Гуфта мешавад, баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармони Рустами Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд.

“Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард”, гуфта шудааст дар иттилоияи шаҳрдории Душанбе  ва афзуда шудааст, ки “ҳамчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад”.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди бесобиқаеро дар таърихи варзиши кишвар ба номи худ сабт кард. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон рӯзи 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Фу Минги 41-сола аз Чин таъйин гардид. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Жоу Фей ва Жанг Ченг кӯмак мекунанд. Довари дигар аз Чин Ма Нинг довари эҳтиётӣ интихоб шуд. Дар VAR Иида Юмпей аз Ҷопон кор карда, ёвари VAR Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд хоҳад буд.

Бори охирин тими Тоҷикистон бо Урдун моҳи сентябри соли 2023 бозӣ карда буд. Он рақобат бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт ва он голи дилрешккунандаро тими Тоҷикистон дар лаҳзаҳои охирин сар дод. Ҳам мухлисон ва ҳам мутахассисон бар инанд, ки тими Тоҷикистон имкони ғалаба бар Урдунро дорад.

Дар се бозии дигари давраи чорякниҳоии Ҷоми Осиё Қатар бо Япония, Австралия бо Кореяи ҷанубӣ ва Эрон бо Ӯзбекистон вориди рақобат хоҳанд шуд.

Возможно, это изображение ‎текст «‎QUARTER-FINALISTS QATAR AUSTRALIA IR IRAN TAJIKISTAN JAPAN KOREA REPUBLIC UZBEKISTAN JORDAN د ASIAN CUP QATAR 2023.‎»‎

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button