ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН ДАР БАЙНИ 20 КИШВАРИ АЗ ҲАМА ФАСОДЗАДАИ ДУНЁ ҶОЙ ГИРИФТ

Тоҷикистон имсол бо ҳамагӣ  20 имтиёз, ки пасттарин нишондод дар таърихаш аст, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифт. Дар раддабандии солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023,  ки созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” (Transparency International) рӯзи 30 январи соли 2024  нашр кард, Тоҷикистон якбора 12 зина пойинтар фаромада, дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 162-юм гузошта шуд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҳатто аз кишварҳои африқоии Конго, Гвинеа-Биссау ва Эритрея  қафо монда, ҳамроҳ бо Афғонистону Мянма (Бирма) ва 4 кишвари дигари қораи Африқо:  Бурунди, ҷазираҳои Комор, Чад ва ҷумҳурии демократии Конго дар як зина қарор дорад.

Соли гузашта дар раддабандии  ҷаҳонии “Шохиси фарогирии коррупсия” Тоҷикистон бо 24 имтиёз дар зинаи 150-ум қарор дошт. 20 имтиёзи имсолаи Тоҷикистон пасттарин нишондод дар таърихи ин кишвар ба шумор рафта, назар ба нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 43 имтиёзро ташкил медиҳад, беш аз 2 маротиба камтар аст. Аз байни кишварҳои минтақа натиҷаи аз Тоҷикистон ҳам пасттарро танҳо Туркманистон дорад, ки бо 18 имтиёз дар зинаи 170 ҷой гирифт. Қирғизистону Русия ҳарду 26 имтиёз дошта, дар зинаи 141, Ӯзбекистон бо 33 имтиёз дар зинаи 121 ва Қазоқистон бо 39 имтиёз дар зинаи 93 ҷойгир шудаанд.

Тартибдиҳандагони раддабандӣ заиф шудани низоми додгоҳӣ ва ба василаи аз ҷавобгарӣ халос кардани мансабдорони порахӯри фасодзада табдил ёфтани мақомоти додситонӣ ва додгоҳро аз сабабҳои умдаи рушди коррупсия ва нотавонии ҳукуматҳо дар роҳи мубориза бо ин падидаи манфӣ меноманд. Франсуа Валериан, раиси созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” гуфт:

 “То замоне ки низомҳои додгоҳӣ гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашида, лаҷоми ҳукуматҳоро нагиранд, коррупсия ҳамчунон рушд хоҳад кард. Дар онҷо, ки додгоҳро мехаранд ваё роҳбарияти сиёсӣ ба кори додгоҳ дахолат мекунад, одатан мардуми оддӣ азоб мекашанд. Роҳбарони давлатҳо бояд тамоми талошро барои таъмини мустақилияти ниҳодҳое, ки аз қонуният пуштибонӣ карда, бо коррупсия мубориза мебаранд, равон кунанд. Фурсати нуқта гузаштан ба беҷазоии мансабдорони фасодзада фаро расидааст”.

Дар ҳисобот ҳамчун намуна низоми заифи додгоҳии Тоҷикистону Венесуэларо мисол овардаанд.

Нозирони умур чунин уфти башиддат ва дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтани Тоҷикистонро як амри мунтазира ва натиҷаи вазъи ноҳинҷори мубориза бо коррупсияи дар ин кишвар мешуморанд. Нозирон хулосаи асосии муаллифони ҳисобот дар мавриди додгоҳҳои заиф ҳамчун манбаи рушди коррупсияро дар намунаи Тоҷикистон дуруст мехонанд.

Як коршиноси тоҷик, ки солҳо боз масоили мубориза бо фасодро дар Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, рӯзи 31 январи соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Шумо дар ин авохир ягон бор шунидед, ки ягон мансабдори бо пора ба даст афтодаро дар Тоҷикистон зиндонӣ карда бошанд? Қариб нест! Ҳатто вазири содирот Шавкат Бобозодаро 68 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ҷавоб доданд. Ҳол онки фақат як пораи гирифтаи ӯ 300 ҳазор доллар буд! Сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҳам, ки пеш ронандаи оддӣ буду бо кадом роҳе ин вазифаро ба даст овард ва дар байни ҳамагӣ 3 моҳи кор тамоми мудирони 68 мактаби ноҳияро “доля” баст, низ бо пардохти ҷарима халос хӯрду ба озодӣ баромад! Дар Тоҷикистон ба ҷои моддаи 319(гирифтани пора) бо моддаи сабуктари 247 (қаллобӣ) корбаст кардани парвандаҳои порахӯрӣ алакай ба як амри роиҷ табдил ёфта ва ҳатто ба ҳукми анъана даромадааст. Моддаи 247 ба мансабдорони порахӯр имкон медиҳад, ки бо ягон ҷаримаи рамзии гоҳо ҳатто аз ҳаҷми пораи гирифтаашон даҳҳо маротиба камтар аз ҳукми зиндон халос шаванд. Маълум аст, ки аз моддаи 319 ба моддаи 247 тоб додани парвандаҳо бепул нест ва он мансабдорон ба муфаттишу додрасҳо бояд пораҳои калон бидиҳанд. Вале ин мавридҳо аз порахӯрӣ ба қаллобӣ тоб додани парвандаҳои коррупсионӣ дигар ончунон миқёси бузург гирифтаанд, ки дар зеҳни мансабдорони қалбдаст эҳсоси беҷазоӣ барои аъмолашонро ҷой кардаанд. Ин дигар масъалаест, ки дигар дахолати раҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистонро талаб мекунад, то ба ин ҳама беҷазо мондани мансабдорони порахӯр нуқтаи ғафси таммат гузоранд”.

 Як адвокати тоҷик, ки ба шарти набурдани номаш суҳбат кард, беамалии Агентии мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро як омили дигари рушди  фасод дар Тоҷикистон мешуморад.

Ӯ мегӯяд: “Агентии мубориза бо коррупсия, ки маҳз барои мубориза бо коррупсия таъсис ёфта буд, дар гузашта ҳам худро бо шикори моҳичаҳои хурде ба мисли кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳо, заминсозон, муааллимон андармон сохта буд. Вале вақтҳои охир ин ниҳод, тавре ба назар мерасад, комилан фалаҷ шудааст. Қаблан Агентӣ дар сомонааш қариб ҳар ҳафта ҳадди ақал як хабар дар бораи боздошти мансабдорони фасодзада чоп мекард. Баъдан ҳар моҳ як хабар нашр мешуд. Вале ҳоло ягон хабар чоп намекунад. Охирин хабари боздошт барои ҷинояти коррупсионӣ дар сомонаи Агентӣ аз санаи 17 июли соли 2023 аст!  Баъди он, инак ним сол боз сомонаи Агентиро асосан бо хабарҳои марбут ба сафарҳо, вохӯриҳо ва суханрониҳои президент Эмомалӣ Раҳмон пур мекунанд. Мебахшед, вале ин сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия аст, на як филиали Хадамоти матбуоти президент!  Аммо бе хабарҳои сомонааш ҳам, дар бораи кадом як боздошти пурсарусадое аз ҷониби Агентӣ дар моҳҳои охир аслан дар ягон ҷо ягон хабар нест. Кор ба ҳадде расида, ки ҳоло дар бораи барҳам додани Агентии мубориза бо коррупсия ба сабаби беамалӣ ва нолозимиаш  суҳбат мекунанд”.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон коррупсияро як мушкили ҷиддие мешумурданд, ки ба рушди кишвар ва ҳатто ба амнияти миллиаш таҳдид мекунад. Бо мақсади мубориза бо ин “вабо” дар Тоҷикистон соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Ҳоло сарусадоҳое бархостаанд, ки ин агентиро барҳам дода, ниҳоди наве бо номи Кумитаи тафтишот таъсис хоҳанд дод, ки ҳам салоҳиятҳои ин агентӣ ва ҳам салоҳиятҳот марбут ба тафтиши парвандаҳоро аз Додситонии кул бояд ба худ бигирад.

Барои тартиб додани Шохиси фарогирии коррупсия, ки аз соли 1995 ба ин тараф тартиб дода мешавад, аз ҷадвали иборат то 100 имтиёз истифода мешавад. 100 имтиёз ба кишваре дода мешавад, ки сатҳи коррупсияаш баробари сифр бошад.

Дар раддабандии имсол бо 90 имтиёз мақоми аввалро боз ҳам Дания ба даст овард, ки инак 6 сол боз дар зинаи якум ҷой мегирад. Финдландия ва Зеландияи нав бо 87 ва 85 имтиёз ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба даст овардаанд. Аз ҳама зинаҳои поёнии раддабандӣ ба Сомали, Венесуэла, Сурия, Судони ҷанубӣ ва Яман дода шудааст. Гуфтанист, ки кишварҳои пешсаф дар Индекси коррупсия дар  Индекси волоияти қонун низ бо шарофати низомҳои мустақили додгоҳиашон дар зинаҳои аз ҳама боло ҷой гирифтаанд ва кишварҳои аз ҳама фасодзада баракс аз нигоҳи мустақилияти додгоҳҳояшон низ дар ҷойҳои аз ҳама охир қарор доранд.

Созмони “Шафофияти байналмилалӣ” аз давлатҳои ҷаҳон хостааст, ки мустақилият ва шафофияти додгоҳҳо ва захираҳои кофӣ барои муборизаи муассир бо ҷиноятҳои коррупсиониро таъмин кунанд ва дар сурати зарурат қонунҳоеро қабул кунанд, ки дасти додгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои интизомиро барои мубориза бо коррупсия боз кунанд.

“Коррупсия беадолатии иҷтимоиро амиқтар карда, ба қишрҳои осебпазири ҷомеа зарбаи ҷонкоҳ мезанад. Дар бисёр кишварҳо мониаҳо дар роҳи тантанаи адолат барои қурбониёни коррупсия боқӣ мондааст. Вақти он омадааст, ки ин мониаҳо бардошта шуда, мардум ба адолати додгоҳӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳар инсон шоистаи низоми ҳуқуқии одилонаву фарогирест, ки дар ҳар марҳалаи он садои қурбониён бояд шунида шавад. Ҳар чизи дигаре, ки мехоҳанд ҳамчун низоми додгоҳӣ вонамуд кунанд, масхарае беш нест”, – изҳор дошт Даниэл Эрикссон, мудиромили асосии созмони “Шафофияти байналмилалӣ”.

https://www.transparency.org/en/cpi/2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Коррупсия аз гаҳвора оғоз меёбад! гуяд:

    Агентии мусоидат ба коррупсия фалаҷ нашудааст, балки ҳадаф надорад. Ҳадаф густариши коррупсия аст, на коҳиш! Коррупсия ҳатто аз амал ба қарз табдил шудааст, яъне корро иҷро мекунанд, дарҳол порра надиҳӣ, ба қавли эрониҳо “ишкол надора”, қарз менависанд, баъдан “расчёт” мекунӣ! Коррупсия дар кишварҳои диктаторӣ умри диктатураро дароз мекунад, коммисияи интихобот ва раъйпурсӣ, вакилони халқ, раисону шаҳру ноҳияҳо ва ғайра ҳама дар “ҷайб”-и диктатор “ҳабс” шудаанд!!!
    Зарро нобуд мебояд, ки ин зарри палид,
    Мӯъмини садсоларо якрӯза кофар мекунад!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button