Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

СЕ СОКИНИ КӮЛОБУ ПАНҶАКЕНТ ВА ИСТАРАВШАН БА ҲАМЛА БО КОРД АЙБДОР МЕШАВАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 январи соли 2024 аз ошкор шудани се мавриди расондани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифода аз силоҳи сард хабар дод.

Аз ҷумла, бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Ин ҷавон ба он гумонбар мешавад, ки шоми 28 январи соли 2024, тахминан соати 19:30, дар назди бозорчаи деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ бо ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро лату кӯб менамоянд. Сипас гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд 1 маротиба ба бадани ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, шоми 19-уми январи соли 2024, тахминан соати 19:00, ҳангоми дар чойхонаи ба номи «Ҳоҷӣ-Мазбут», воқеъ дар деҳаи Қалъачаи Бакавули шаҳри Истаравшан қарор доштанаш бо ҳамсараш, зани 24-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қисмати шиками номбурда задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парванди ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, шаби 26-уми январи соли 2024, тахминан соати 01:00, дар назди хонаи истикоматиаш аз сабаби ба миён омадани муноқиша бо марди 46-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди хоҷагӣ 3 маротиба ба қисмати шиками охирин задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button