ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА САРДОРИ МИЛИТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪЙИН ШУД
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон шоми 30 январи соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри ду акс хабар дод, ки дар толори ин идора дар шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ маросими шиносоии сардори нави раёсат баргузор гардид.
Дар хабар гуфта мешавад, ки санаи 29 январи соли ҷорӣ дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардид.
Шариф Назарзода дар мақоми раҳбари милитсияи ҷануби Тоҷикистон генерал-майор Файзулло Нозимзодаро иваз кард, Генерал Нозимзода ҳамроҳи ҳамаи муовинонаш ва раҳбарони дигар ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб рӯзи 19 январ бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон аз мансаб барканор шуда буд.
Назарзода Шариф Раҳмон 29 апрели соли 1966 ба дунё омада, соли 1991 бо дипломи аъло мактаби олии милитсияро дар шаҳри Тошканд ва соли 2010 низ бо дипломи аъло факултаи якуми Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм кардааст. Шариф Назарзода собиқаи кориашро дар милитсия соли 1991 ҳамчун ваколатдор дар милитсияи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, соли 1995, дар синни ҳамагӣ 29 ба мақоми сардори бахши кофтукови ҷиноии шуъбаи милитсияи шаҳри Кӯлоб ва соли 2000, дар синни 34 ба мақоми муовини сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП) дар дастгоҳи марказии ВКД расидааст.
Ӯ аз соли 2002 сардори раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб ва соли 2005 сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Шариф Назарзода 2 феврали соли 2006, ҳанӯз ба синни 40 норасида, сазовори рутбаи генерал- майори милитсия гардид ва соли 2007 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шуд.
Генерал Шариф Назарзода аз соли 2010 то 2017 сардори милитсияи вилояти Суғд буд ва соли 2017 дувумбора сардории милитсияи пойтахтро ба уҳда гирифт. 29 августи соли 2019 Шариф Назарзода соҳиби рутбаи генерал-лейтенанти милитсия гардид. Аз 24 феврали соли 2022 раҳбарии раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда дошт ва 29 январи соли 2024 сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъйин шуд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст, дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод кард ва супориш дод, ки тамоми роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, бо шумули додситонҳо бо муовинонашон, сардорон ва муовинони сардорони милитсия, Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир гуруҳҳои фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз мансаб биронанд.
Баъди барканории роҳбарони ниҳодҳои қудратии тамоми ҷануби Тоҷикистон инак ҳафтаи дуюм аст, ки ба ҷои рафтаҳо нафарони нав сари кор омада истодаанд.
Қаблан хабар омад, ки Ба ҷои Абдураҳим Раҳимов ба мақоми додситони вилояти Хатлон Аваз Назарзодатаъйин шудааст. Як манбаи “Азия Плюс” дар додситонии вилоят хабар дод, ки Назарзода ба ҳайси додситони вилоят рӯзи шанбе, 27 январ ба кормандон муаррифӣ карда шудааст. Лозим ба гуфтан аст, ки додситони нави вилояти Хатлон Аваз Назарзода низ мисли раҳбари нави милитсияи ин вилоят аз Бадахшон ба ин ҷо оварда шуд.