ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

САРУСАДОҲО ДАР БОРАИ БАРКАНОРИИ ФАРМОНДЕҲИ АРТИШИ УКРАИНА: НОФАҲМӢ БАЙНИ ЗЕЛЕНСКИЙ ВА ЗАЛУЖНИЙ? Ё ПРОПАГАНДАИ РУСҲО?

Якбора чанд расонаи Украина шоми 29-уми январи соли 2024 бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки фармондеҳи артиши Украина, генерали машҳур Валерий Залужнийро аз мақомаш сабукдӯш кардаанд.

Аз ҷумла “Зеркало недели” ба нақл аз сарчашмаҳои худ аз дохили дастгоҳи президенти Украина ва атрофиёни генерал Залужний навишт: Президент Владимир Зеленский маҳз барои баррасии масъалаи аз вазифа сабукдӯш кардани фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Украина, бо генерал Валерий Залужний мулоқот намуд. Зимни дидор сарвари давлат аз фармондеҳи артиш хост, то аризаи худро барои рафтан аз мақоми фармондеҳӣ бинависад. Ҳамзамон бо талаби тарки вазифа, раисҷумҳур ба Залужний вазифаи дигареро ҳам пешниҳод кардааст”.

Дар ҷавоб ба ин пешниҳоди президент Зеленский, генерал Залужний, бино ба гуфти манбаъ, гӯё танҳо ҷавоб додааст, ки “ин хости Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ аст, ки бо кӣ кор кунаду бо кӣ не”. Вале, меафзояд нашрия,  то ба ҳол генерал Залужний аризаи худро барои тарки вазифа ба Владимир Зеленский пешниҳод накардааст. Манбаъ таъкид намудааст, ки зоҳиран генерал хоҳиши навиштани аризаро низ надорад.

Бино ба навиштаи баъзе дигар расонаҳои украинӣ, аллакай Залужний аз вазифа сабукдӯш шудааст ва танҳо фармони призидент дар ин маврид ҳанӯз нашр нашудааст. Вале дигар манобеъ қайд намудаанд, ки фармони призидент алакай имзо шуда, ҳукми қонунӣ гирифтааст ва Залужний дигар фармондеҳи артиши Украина нест. Кор ба анҷом расидааст ва танҳо нашри ин фармон дар сомонаи расмии ҳукумат вақти хосро талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳам вазорати мудофиаи Украина ва ҳам сухангӯи президенти Украина хабари барканории фармондеҳи артиши Украинаро рад кардаанд. Вале дар суханронии бегоҳирӯзии Зеленский, ки тариқи расонаҳои давлатии Украина нашр шуд, раисҷумҳури Украина чизе аз Залужний  ёдоварӣ нашуд.

Аз тирамоҳи соли 2023 инҷониб расонаҳои гуногун бо такя ба манобеи худ аз дохили дастгоҳи президенти Украина ва вазорати мудофиаи Украина гузоришҳо нашр менамоянд, ки гӯё байни раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва фармондеҳи артиши ин кишвар генерал Валерий Залужний нофаҳмиҳое ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла маҷаллаи бритониёии ”Еconomist” аз қавли шахсони наздик ба Залужний ва Зеленский навишта буд, ки муносибати ин ду тан “даҳшатнок шуда истодааст”.

Аксарият бар ин назаранд, ки пас аз рондани артиши Русия аз остонаи Киев ва ҳамчунин бозпасгирии заминҳои ғасбшуда аз дасти русҳо ва шикасти русҳо дар Херсон, шуҳрати Залужний ҳамчун лашкаркаш ҷаҳонӣ шуд. Аз корномаи Залужний қариб тамоми расонаҳои дунё навиштанд. Бархе бар инанд, ки шуҳрати афзояндаи генерал ба Зеленский чандон хуш наомад.

Ба назари баъзе коршиносон, президенти Украина ба афзоиши нуфузи Залужний дар дохили Украина ва шуҳратёбии ӯ дар хориҷ рашк нишон медиҳад, зеро пас аз шикастҳои пайдарпайи артиши Русия дар майдони ҷанг Залужний аз як чеҳраи низомӣ ба як чеҳраи сиёсӣ ва ба қаҳрамони миллии Украина мубаддал гардид. Аз ин лиҳоз Зеленский мехоҳад ӯро аз саҳна дур кунад ва танҳо худаш дар маркази таваҷҷуҳ боқӣ бимонад.

Дар мусоҳибааг бо  The Sun  Зеленский ба таври возеҳ аз Залужний хоста буд, ки “ба ҷанг мангирифт шавад, то ба сиёсат машғул шудан”.

“Агар шумо ҷангро идора мекунеду дар зеҳнатон бошад, ки фардо вориди сиёсат мешаведу дар интихобот иштирок мекунед, пас шумо имрӯз худро дар майдони ҷанг низ чун як сиёсатмадор ба намоиш мегузоред, на ҳамчун ҷанговар. Бо ҳама эҳтироме, ки ман ба генерал Залужний ва дигар қумондонҳо дорам, инро таъкид мекунам”,  -гуфта буд Зеленский.

Вуҷуди нофаҳмиҳо ва рақобат байни президенти Украина ва фармондеҳи артиши Украинаро дар худи ин кишвар низ рад намекунанд. Рӯзноманигори украинӣ Юрий Бутусов мегӯяд, аз пинҳон кардани чунин ихтилофҳо байни роҳбарияти сиёсӣ ва роҳбарияти низомӣ, беҳтар аст, ки роҳи ҳали онро пайдо кунем”.

Аммо мақомоти расмии Украина  сарусадоҳо дар бораи ихтилофи байни Зеленский ва Залужнийро инкор намуда, мегӯянд, ки ин ҳама асароти таблиғот ва ҷанги расонаиест, ки Русия ба роҳ андохтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Раҳматои калон барои матлаб!!!

    И ҳаму гуфтаи мардум шид ” Мурдая мону чаккахури ку”.
    Ними Украинара гирифтан иё нафаҳмиден бояд яктан шид.

    Ба гуфти Шабнами Сураё “сад сол, ки бошад, генерал генерал мемона” и “масхарабоз масхарабоз”.

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Банда, бо камоли таассӯф, гумон мекардам, ки воқеъан украина мазлум аст, чун ғайриқонунӣ ишғол шудааст, аммо баъд аз 7-уми октябри соли гузашта украинаро мазлум дарнаёфтам. Агарчӣ дар украина сари вақт фаҳмиданд, ки набояд ба хотири душманӣ бо россия, мавқеъи 2-млрд мусалмон дар қиболи Фаластини ишғолшударо нодида гирифт, вале “аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст”. Ҳанӯз ҳам шахсони алоҳидаи украинӣ ба ин назаранд, ки Фаластин ишғол нашудааст, просто номашро ба “исроил” иваз кардааст (масхара: мисле, ки украина номашро ба новороссия иваз карданист?!). Бомдод хоҳишан ин шарҳро ҳатман нашр кунед, чун банда борҳо дифоъ аз украина шарҳ навишта будам ва ҳоло як навъ изҳори пушаймонӣ, ташаккур!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button