ВидеоСиёсат

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶИЯНАШ ИСЛОМИДДИН РАҲМОНРО АЗ РАИСӢ ОЗОД КАРД

Бино ба иттилои чанд манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Данғара, рӯзи 30 январи соли 2024 Сиҷоуддин Саломзода бо фармони президент ба ҷои Раҳмон Исломиддин Хайриддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғара таъйин шудааст. Саломзодаро, ки 2 июни соли 1965 дар деҳаи Ойдинкӯл (ҳоло Зулол)-и ноҳияи Данғара ба дунё омадааст ва як соли охир дар мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе ва аз он қабл ба ҳайси шаҳрдор дар се шаҳри Бохтару Исфара ва Турсунзода кор кардааст, алакай субҳи сешанбе, 30 январ ба кормандони дастгоҳи марказии ҳукумати ноҳияи Данғара ҳамчун раиси нави ноҳияи муаррифӣ кардаанд.

Фармони барканории Исломиддин Раҳмон ва таъйини Сиҷоуддин Саломзода ҳанӯз расман нашр ношуда кормандони ҳукумати ноҳияи Данғара алакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ Саломзодаро бо масъулияти нав табрик мекарданд.

Дар ҷаласа гуфтаанд, ки Раҳмон Исломиддин Хайриддин “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Данғара барканор карда шудааст. Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Исломиддин Раҳмон, ки фарзанди Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон аст, чизе гуфта нашудааст.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” раиси ҳамакнун собиқи Данғара Исломиддин Раҳмонро ҳамчун як инсони хоксору ботамкин ва раҳбари ободкор тавсиф кард. Ӯ гуфт: “Аслан ягон такаббур надошт, хеле хоксорӣ нишон медод ва бо ҳама як буд. Исломиддин Раҳмон кӯшиш мекард, ки аз пушти вай хонаводаашон бадном нашавад ва аз ин рӯ, хеле талош мекард. Дар давраи ӯ Данғара дар ҳақиқат, хеле ободтар шуд”.

Исломиддин Раҳмон, ки 6 январи соли 1983 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, зану 4 фарзанд дорад, то соли 2015 дар “Ориёнбонк” ва аз соли 2015 дар мақоми муовини раиси “Амонатбонк” кор карда, моҳи ноябри соли 2018 раиси ноҳияи Данғара таъйин шуда буд.

Рӯзи 30 январ “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар бораи боз чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти раҳбарии вилояти Хатлон хабар дод. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Анзурат Абдусаломзода рӯзи 30 январ ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон муаррифӣ шудааст. Ӯ то кунун дар мақоми сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят кор мекард ва қаблан муовини директори “ТВ Хатлон” ва муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд.

Анзурат Абдусаломзода дар мақоми муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифиро иваз кардааст, ки тибқи иттилои дастрасгардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин шудааст. Ба кадом вазифа рафтани раиси ҳамакнун пешини шаҳри Норак Дилшод Асозода маълум нест.

Ҳамчунин, Мастура Табарӣ, ки то ин замон муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Бунафша Сайфиддинзодаро иваз кард. Сайфиддинзода як рӯз қабл ба ҷои Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button