ГУФТ, АЗ ДУБАЙ БАРОЯТ “КЕМРИ” МЕОРАМ… ОШКОР ШУДАНИ 2 ҚАЛЛОБӢ ВА 3 ДУЗДӢ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 январи соли 2024
Содир гардидани қаллобиҳо бо сӯистифода аз боварӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи сентябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ якчанд чорвои майдаи шохдор ва чорвои калонро ба маблағи 178 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро то моҳи ноябри соли 2023 бармегардонад, аммо номбурда молҳои мазкурро фурӯхта маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аввалҳои моҳи январи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ба маблағи 6 ҳазору 900 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри» равон мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздии молу амволи шаҳрвандон
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 5 ҳазору 300 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, рӯзи 22-юми январи соли 2024, ба хонаи истиқоматии марди 54-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 1-адад соати дастӣ ва 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 61-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми октябри соли 2023, тахминан соати 11:00, марди 26-солаи сокини пойтахт бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 20 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.