ДОДСИТОНӢ ХАБАРИ “БОМДОД” ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ТАРКИШИ МОШИНИ РАИСИ ҲХДТ ДАР КӮЛОБРО ТАСДИҚ КАРД
Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони навтаъйини минтақаи Кӯлоб рӯзи 30 январи соли 2024 дар нахустин нишасти хабариаш гузориши ҳафтаи гузашта нашркардаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”-ро тасдиқ кард ва хабар дод, ки тафтиши парвандаи таркиши мошини раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷиктстон дар шаҳри Кӯлоб бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 179 (терроризм) ва моддаи 307 (иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ) аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пеш бурда мешавад.
Музофиров гуфт, дар робита ба ин парванда алакай 8 нафар дастгир шудаанд. Ба гуфтаи додситон, гӯё ин афрод дар дигар қисматҳои минтақаи Кӯлоб низ фикри анҷоми ҳамлаҳои террористӣ доштаанд. Аммо ӯ дар ин бора шарҳу тафсилоте надод. Ҳафтаи гузашта як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки дастандаркорони ин ҳамла бо эмиссарҳои гуруҳи террористии “ДОИШ-Хуросон” дар қаламрави Афғонистон тамос доштанд ва аз онҳо тарзи тайёр кардану дар мошини раиси ҳизб часпондани бомби худсохтро ёд гирифтаанд.
Тавассути манобеи дигар тасдиқ кардани иддаои мақомот дар бораи ҳамлаи террористӣ будани ҳодиса хеле мушкил ба назар мерасад. Номи ин 8 нафари барои таркиши мошини раиси ҳизби ҳоким дастгиршуда нашр нашудааст. Назари онҳо ва наздиконашон маълум нест ва ин ҳам маълум нест, ки оё онҳо бо вакили мудофеъ таъмин шудааанд ё на?
Мошини хидматии тамғаи “Шкода”-и раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода рӯзи 5 январ дар рӯи ҳавлии хонааш дар деҳаи Тӯдакафш, воқеъ дар 4-километрии шаҳри Кӯлоб таркид. Дар натиҷа, мошин осеб дида ва, ба гуфтаи табибон, пои рости Сайвализода шикаст. Ҳамон вақт, бархе манобеъ мегуфтанд, ки аз маҳалли ҳодиса чизҳои монанд ба маводи тарканда пайдо кардаанд ва мошинро барои ташхис фиристоданд, то тасодуфӣ ё қасдан будани ин ҳодиса муайян шавад.
Бори аввал дар бораи вуҷуди фарзияи ҳамлаи террористӣ дар парвандаи таркиши мошини Сайвализода рӯзи 26 январи соли 2024 пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод.
Як манбаи огоҳи “Бомдод” гуфт, ки дар ин парванда фарзияи ҳамлаи террористӣ ҳамчун як фарзияи асосӣ таҳқиқ мешавад.Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, ки аз ҷараёни тафтиши ин парванда огоҳ буд, гумонбаршавандагон дар анҷоми ин ҷиноят бо эмиссарҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон тамос доштаанд ва маҳз аз ҳамон ҷо роҳнамоӣ шудаанд.
“Ҳамин эмиссарҳо ба ҳамлагарон тавассути мессенҷер ёд додаанд, ки маводи таркандаро чӣ гуна тайёр кунанд ва чӣ гуна дар мошини раиси ҳизби ҳоким бигузоранд”, – нақл карда буд ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Намояндагони ҳизби ҳоким др Кӯлоб ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.
Аммо ин бори аввал нест, ки мошинҳои мансабдорон дар минтақаи Кӯлоб оташ мегирад. Дар дасти кам як ҳолат мақомот қасдан оташ задани мошини мансабдорро тасдиқ кардаанд.
Шаби 26 ва 27-уми декабри соли 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси шуъбаи “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт. Мақомот то ҳол сабаби онро шарҳ надодаанд, вале худи Давлатзода сабаби ҳодисаро мушкили техникии мошин гуфтааст.
Моҳи феврали 2023 мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони вақти ноҳияи Восеъро дар назди манзилаш дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ин ҳодисаро “амали қасдгирӣ” номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Дар бораи ин ки тафтиши қазия то б куҷо расид ва оё он сокини Кӯлоб чӣ ҷазо гирифт?, дигар ягон хабар нашр нашудааст. Худи Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода бошад чор моҳ баъд аз ин ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор карда шуд.
Рӯзи 19 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният тамоми роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаи Кӯлобро бо ҷамъи муовинонашон аз кор ронд. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, дар баробари хабари иштироки зодагони минтақаи Кӯлоб дар чанд ҳамлаи террористии “ДОИШ”, аз ҷумла дар ҳамлаи ахир дар шаҳри Кирмони Эрон, ки наздики 100 кушта ба ҷо гузошт, ва таркондани автобус дар Кобул, ки боиси ҳалокати 45 нафар шуд, “қатраи охирине, ки сабри президентро лабрез кард, ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлоб шуд. Дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон сардорони ниҳодҳои қудратӣ дар Хатлону Кӯлобро ба ҳамин айбдор кард, ки аз паси пур кардани ҷайби худ гашта, вазифаи асосии худро фаромӯш кардаанд ва бо қонуншиканиҳову беадолатиҳои худро мардумро бо дасти худ ба домани гуруҳҳои террористӣ тела дода истодаанд”.