ВидеоҲодиса

БАРФУ БОРОН ВА САРДИЮ ТАРМАРЕЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 4 ФЕВРАЛ ДАВОМ ХОҲАД КАРД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 январ то 3-4 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, шаби 30-ум ба 31-уми январ дар як қатор ноҳияҳо ин боришот шиддат мегирад.

Бар асари коҳиши ҳарорати шабонаи ҳаво аз 31-январ то 2-уми феврали соли 2024 дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандиҳо дар назар аст.   Рӯзҳои 29-30 январ бар асари боришоти зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор дорад. Рӯзҳои 30-31 январ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма таҳдид мекунанд. 

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба манотиқи кӯҳистон маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.

Дар манотиқи кӯҳистон ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра низ маслиҳат дода намешавад.

Сокинон ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қатъан қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.Бачаҳои худро беназорат нагузоранд ва ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. 

Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд аз тариқи роҳҳои кӯҳистон сафар кунанд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.

Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд. 

Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунанд сураъати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набараанд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд. 

 КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button