ВидеоКоррупсияСиёсатТоҷикистон

АВАЗ НАЗАРЗОДА ДОДСИТОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪЙИН ШУД, МИРЗОХОНЗОДА И.В. БУДААСТ

Ба ҷои Абдураҳим Раҳимов ба мақоми додситони вилояти Хатлон Аваз Назарзода, ки то кунун додситони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, таъйин шудааст. Дар ин бора як манбаи

“Азия Плюс”  дар додситонии вилоят хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, Назарзода ба ҳайси додситони вилоят рӯзи шанбе, 27 январ ба кормандон муаррифӣ карда шудааст.

Дар додситонии Хатлон таъкид кардаанд, ки баъди аз кор рондани тамоми роҳбарияти қаблии ин ниҳод Ҷамшед Мирзохонзода иҷрокуннадаи вазифаи додситони вилоят таъйин шуда буд ва ин вазифаро то таъйин шудани Аваз Назарзода иҷро кард. Ба ин тартиб, Мирзохонзода дар курсии додситони вилояти Хатлон ҳамагӣ 5 рӯз – аз 22 то 27 январ – кор кард ва акнун ба Душанбе ба Додситонии кул бармегардад. Ҷамшед Мирзохонзода дар Додситонии кул сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти мубориза бо фасод буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Муҳаммадризо Халифазода муовини додситони вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ қаблан дар Додситонии кул дар мақоми сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бахшҳои андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва дар гузашта як замон дар маркази матбуоти Додситонии кул кор мекард. Маълум нест, ки Халифазода ҳам ҳамроҳи Мирзохонзода акнун ба Душанбе бармегардад ваё дар мақоми муовини додситони вилоят боқӣ монда, ҳамроҳи Назарзода кор хоҳад кард?

Аваз (Авазҷон) Назарзода  зодаи Исфара буда, бо муносибати пурмасъулияти худ нисбат ба кор ном баровардааст. Ӯ дар гузашта додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд. Ҷои кори охирини кори Назарзода курсии додситони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Ӯ ба ин мақом баъди ба ҷиноятҳои сангин айбдор шудану ба ҳабс афтодани додситони қаблӣ таъйин шуда буд.

Авазҷон Назарзода

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст,  дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод кард ва супориш дод, ки тамоми роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, бо шумули додситонҳо бо муовинонашон, сардорон ва муовинони сардорони милитсия, Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир  гуруҳҳои фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз мансаб биронанд.

Баъди барканории роҳбарони ниҳодҳои қудратии тамоми ҷануби Тоҷикистон инак ҳафтаи дуюм аст, ки ба ҷои рафтаҳо нафарони нав сари кор омада истодаанд.

Аз ҷумла хабар омада буд, ки Ҳамзаалӣ Музофиров додситони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъин шудааст. Музофиров то расидан ба ин мансаб дар Додситонии кул ба ҳайси сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ фаъолият дошт.

Додситони қаблии минтақаи Кӯлоб Хебар Зайдуллозода охирҳои моҳи октябри соли 2023 Хебар Зайдуллозодабо иттиҳоми “чашмпушӣ аз кирдорҳои ғайриқонунӣ дар тақсимоти қитъаҳои замин аз мақом барканор шуда буд. Аммо боқӣ раҳбарони ниҳодҳои додситонӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 январи соли 2024 дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният аз кор ронд.

Аммо ба ҷои додситони шаҳри Кӯлоб касеро то ҳол таъйин накарда будаанд. Қутбиддин Достизода, ки дар гузашта муовини додситони нақлиёти Тоҷикистон буд ва аз моҳи ноябри соли 2021 дар ин мансаб кор мекард, рӯзи 24 январ дар асоси ҳамон супориши президент Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор карда шуд.

“Чизу чораашро гирифта, аз Кӯлоб рафт. То ҳол касе ба ҷойи Достизода таъйин нашудааст,” — гуфтааст як манбаи огоҳ. Ба кадом вазифаи наве таъйин шудани ӯ маълум нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button