КӢ РАФТУ КӢ ОМАД? БОЗ 40 БАРКАНОРИВУ ТАЪЙИНОТИ НАВ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 30 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суфуфи ҳукуматаш боз як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла Мирзозода Музаффар Бурҳон – ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ва Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – ба вазифаи муовинони раиси вилояти Хатлон , Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин гардиданд. Музаффар Мирзозода қаблан раиси ноҳияи Ховалинг, Ҷамшед Каримзода муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, Анзурат Абдусаломзода то имрӯз сардори раёсати занон ва оила дар ҳукумати Хатлон ва Суҳайлӣ Қурбонзода дар дастгоҳи президент сардори раёсати рушди инфрасохтор буд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 январ ҳамчунин Давлатзода Наҷмиддинро муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин карда, раисони чандин шаҳру ноҳияву мактабу донишгоҳро иваз кард. Бештари ин таъинот дар мақомоти раҳбарии вилояти Хатлон сурат гирифтааст. Дар умум Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 январ дар саффи ҳукуматаш 40 тағйироти кадрӣ ба амал овардааст.
Аз ҷумла рӯзи 30 январ бо фармонҳои президенту қарорҳои ҳукумат асосан “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” инҳо барканор шуданд:
- Баротзода Файзулло Раҷаб – аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар
- Асозода Дилшод Алимурод – аз вазифаи раиси шаҳри Норак
- Ҷаббори Ғаффор – аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус
- Раҳмон Исломиддин Хайриддин – аз вазифаи раиси ноҳияи Данғара
- Мирзозода Музаффар Бурҳон – аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг
- Шарифзода Лутфия Шариф – аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод
- Холмурод Раҳмон – аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
- Холзода Бобишо Нарзулло – аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод
- Муқимӣ Раҳимҷон Набизода – аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт
- Қудратзода Тоҳир Толибӣ – аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.
- Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
- Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон
- Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва
- Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
- Муминзод Абдулмаҷид Мубин аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ
- Сафаров Шодӣ Асомуродович аз вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов
- Абдуллозода Қурбоншо Ҳайдар бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғара»
- Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» озод карда шуданд.
Инҳо таъйин шуданд:
- Мирзозода Музаффар Бурҳон – ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон,
- Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон – ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон
- Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон
- Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд
- Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар
- Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак
- Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант
- Суризода Носир Мародбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросон
- Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғара
- Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ раиси ноҳияи Муъминобод
- Холиқзода Рустам Ҳикматулло раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
- Набизода Фаррухиддин Амрудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг
- Абдуллозода Тағой Маҳкам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус
- Каримзода Мансур Тағой иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод
- Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт
- Юлдошзода Олимбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Сафарзода Даврон Ҷурахон – ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
- Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов.
- Каримзода Шуҳрат Бозор директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон»
- Намоззода Ҷамшед Ашурмад директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор»
- Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
- Муҳаммадзода Муҳаммад Султон роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъин карда шуданд.
Дар Тоҷикистон таъйинот ба аксари мансабҳо: аз раҳбарият ва аъзои ҳукумат то раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто сардорони милитсияву БДА ва судяҳо бо фармону қарорҳои имзокардаи президент Эмомалӣ Раҳмон ваё бо розигӣ ё мувофиқати ӯ сурат мегирад. Бисёриҳо чунин шеваи сиёсати кадриро чандон сӯдманд намешуморанд ва бар инанд, ки аз Душанбе интихоб шудани раҳбарони идораҳои ҳатто ноҳияҳои дурдаст боиси ба мансабҳои давлатӣ таъйин шудани шумораи зиёди афроди тасодуфӣ ва нолоиқ шуда, аз тарафи дигар, деги мансабфурӯширо барои бархе масъулони фасодзада гарм нигоҳ медорад.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи
идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
озод намудани Ғафурзода А.Д.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№725
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шавад.
2. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№726
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи
раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
озод намудани Баротзода Ф.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Баротзода Файзулло Раҷаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№727
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи
раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Асозода Д.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Асозода Дилшод Алимурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№728
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
озод намудани Ҷаббори Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷаббори Ғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№729
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Данғараи
вилояти Хатлон озод намудани Раҳмон И.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№730
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи
раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
озод намудани Мирзозода М.Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзозода Музаффар Бурҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№731
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Муъминободи вилояти Хатлон
озод намудани Шарифзода Л.Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифзода Лутфия Шариф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№732
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
озод намудани Холмурод Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холмурод Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№733
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Файзобод озод намудани
Холзода Б.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холзода Бобишо Нарзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№734
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Рашт озод намудани
Муқимӣ Р.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№735
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд
озод намудани Қудратзода Т.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№736
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Сафарзода Д.Ҷ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Даврон Ҷурахон ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№737
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
таъин намудани Муминзод А.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№738
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
таъин намудани Шарифӣ Ф.Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№739
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
таъин намудани Муминзода М.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№740
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
таъин намудани Суризода Н.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Суризода Носир Мародбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№741
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи
вилояти Хатлон таъин намудани Саломзода С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№742
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи
Муъминободи вилояти Хатлон
таъин намудани Амирзода С.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№743
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи
Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
таъин намудани Холиқзода Р.Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холиқзода Рустам Ҳикматулло раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№744
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
таъин намудани Набизода Ф.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Набизода Фаррухиддин Амрудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№745
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
таъин намудани Абдуллозода Т.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуллозода Тағой Маҳкам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№746
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод
таъин намудани Каримзода М.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Каримзода Мансур Тағой иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№747
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт
таъин намудани Идизода З.Ф.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№748
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд
таъин намудани Юлдошзода О.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Юлдошзода Олимбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№749
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№АП-504
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№АП-505

