2 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ПАНҶАКЕНТУ ВАҲДАТ ВА 2 ҚАЛЛОБӢ ДАР ДУШАНБЕЮ ИСТАРАВШАН
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 30 январи соли 2024
Ҳалокати пиёдагард ва мусофир дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
28-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ ЛАБО», Худойназаров Дилшод Аслиддинович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди марказии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Носиров ҲақбердӢ Баротович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри мазкурро, ки аз канори рости роҳ ба канори чапи роҳ мегузашт, зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа, пиёдагард Носиров Ҳ.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
29-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри-6», Қудратов Некрӯз Саидмуродович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Ваҳдат-Душанбе аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар худуди шаҳри Ваҳдат, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи “Опел Вектра”, таҳти идораи ронанда, Авғонзода Меҳроҷиддини Усмонали, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел Вектра”, Ҳасанова Латофат Худойбердиевна, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муайян гардидани ду ҳолати қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри 2020, марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 130 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Опел Вектра»-ро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350», ки арзишаш 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар муддати кутоҳ оварда медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда автомашинаи мазкурро ба дигар шахс фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини шаҳри Истаравшан 10-уми апрели соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, барои харидорӣ намудани масолеҳи сохтмонии хонаҳои баландошёна 850 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.