ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ТИРБОРОНИ НАМОЗГУЗОРОН ДАР КАЛИСОИ МАСЕҲӢ ДАР ИСТАНБУЛ: ЯК ҲАМЛАГАР – АЗ ТОҶИКИСТОН, ДУЮМӢ – АЗ РУСИЯ (ВИДЕО)

Тоҷикистон ба таҳқиқи хабарҳо дар бораи даст доштани як шаҳрвандаш дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 28 январи соли 2024 ба калисои католикии Марияи Муқаддас дар шаҳри Истанбули Туркия шурӯъ кардааст ва ба  мақомти Туркия дар бораи мушаххас кардани шахсияти нафари муттаҳам дархост фиристодааст. Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ рӯзи 29 январ ба хабаргузории русии “Sputnik Таджикистан” хабар дод.

“Сафорати мо барои рӯшан кардани ҳама ҳолатҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия робитаи зич дорад”, – афзудааст Шоҳин Самадӣ.

Рӯзи якшанбе, 28 январ, тақрибан соати 11:40 ба вақти маҳаллӣ, ҳангоми намози пешин, ду нафари ниқобпӯш вориди калисои итолиёвии католикии Марияи Муқаддас дар маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул шуда, болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни намозгузорон, ки дар калисо ягон 50 нафар буданд, чанд танаш тир хӯрда, шаҳрванди Туркия Турсун Ҷиҳон кушта шуд.

Чеҳраи ҳамлагарон дар роҳ ба сӯи калисо, ҳангоми тирандозӣ дар дохили ибодатгоҳ ва пасон ҳангоми фирори бошитобашон аз ҷои ҳодиса ба дурбинҳо видеокамераҳои назоратӣ афтодааст.

Мақомоти Туркия алакай шаби 28 январ аз боздошти 47 нафар дар 30 суроғаи гуногун хабар доданд. Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликай гуфт, ду гумонбаршавандаи асосиро ҳам дастгир кардаанд ва онҳо якеаш аз Тоҷикистон ва дувумӣ аз Русия будаанд. Ерликай дар бора тафсилоти дигар надод ва номи муттаҳамони асосиро ҳам ошкор накард. Ӯ танҳо гуфт, ки ҳардуро тақрибан соати 22 ба вақти маҳаллӣ дар ҷараёни як амалиёти вижа дастгир кардаанд.

 “Ҳарду хориҷианд. Якеаш аз Тоҷикистон ва дуюмӣ – аз Русия. Мо бар инем, ки онҳо аъзои ДОИШ мебошанд”, – изҳор дошт вазири корҳои дохилии Туркия.

Созмони террористии дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти ҳамла ба калисои католикӣ дар Истанбулро ба дӯш гирифт ва гуфт, ин ҳамларо аъзои ин гуруҳ дар посух ба даъвати раҳбаронаш ба анҷоми ҳамалот ба зидди яҳудиёну масеҳиён анҷом додаанд.

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар робита ба ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар дастгир кардани ҳамлагарон тадбирҳо андешида мешаванд.

Сарвазири Итолиё Ҷорҷа Мелони низ ин ҳамларо “амали палид” номид ва маҳкум кард. Попи Рум Франсиск низ ба намозгузорони калисои Истанбул изҳори ҳамдардӣ ва пуштибонӣ кард. Епископ Массимилиано Палинуро, раҳбари руҳонии ҷамъияти пайравони дини лотинию католикии Истанбул  сӯитаҳаммули мазҳабиро ангезаи ҳамла ба калисо номид ва аз мақомоти Туркия хост, то “адолатро барқарор карда, ҳақиқати ин ҳодисаро бикушоянд, то чунин аъмоли шар решакан карда шаванд”.

Хабари дар ҳамлаи навбатии ДОИШ ба зидди калисои масеҳӣ дар Истанбули Туркия иштирок доштани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан дар бораи иштироки зодагони Тоҷикистон дар чанд ҳамлаи хунини ДОИШ дар Афғонистону Эрон ва боздошти чандин зодаи дигари Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дар кишварҳои Аврупо хабарҳо нашр шуда буд. Ин хабарҳои рӯзафзун дар бораи даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористӣ нигаронии ҷиддии мақомоти Душанберо ба бор овардааст. Рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбарони тамоми ниҳодҳои қудративу амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро ҳамроҳи муовинҳояшон аз мансабҳояшон ронд.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, маҳз иштирок шумори зиёди зодагони вилояти Хатлон ва бавижа зодагони минтақаи Кӯлоб дар ҳамлаҳои маргталабона дар кишварҳои хориҷӣ ва ахиран ҳатто ба ҷони раиси ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлоб сӯиқасд кардани ҳаводорони ДОИШ сабаби бо чунин як иқдоми бесобиқа аз кор рондани роҳбарони тамоми ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҷануби Тоҷикистон аз ҷониби президент шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button