
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шоми 28 январи соли 2024 дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, бори аввал дар таърихи худ ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Акнун тими миллии Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти Ироқу Урдун вориди рақобат хоҳад шуд.
Бозии байни Тоҷикистон Иморот дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шоми 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар дар ҳузури 33 ҳазору 584 тамошобин баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, вале дар силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ тими Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 бар иморотиҳо дастболо шуд.
Ба гуфтаи мухлисон, шоми 28 январ барои он ки мардум бозии тими Тоҷикистонро тамошо карда тавонад, бо супориши роҳбарони аввали ҷумҳурӣ лимити барқро барои як шаб аз байн бурданд.
Иштироки тими Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё имсол дар воқеъ барои тими миллӣ таърихсоз шуд. Тоҷикистон бори аввал ба марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт, сипас дар гуруҳи худ тавонист бо каси 4 имтиёз ҷои дуюмро ба даст оварда, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат бигирад, ки ин ҳам бори аввал дар таърихи тими Тоҷикистон иттифоқ уфтод. Ва инак футболбозони тоҷик бори аввал ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад, ки ин ҳам як дастоварди таърихист.