ВидеоСиёсатФарҳанг

МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА ҶОИ ЗУЛФИЯ ДАВЛАТЗОДА ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ТАЪЙИН ШУД

Матлубахон Сатториён, муовини ҳамакнун собиқи сарвазири Тоҷикистон, ба ҷои Зулфия Давлатзода вазири фарҳанг таъйин шудааст. Фармони таъйини Сатториёну барканории Давлатзода аз ҷониби хадамоти матбуоти президент ҳанӯз расман нашр нашудааст, вале чанд корманди вазорати фарҳанг дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки субҳи 29 январи соли 2024 Матлубахон Сатториёнро ба кормандони дастгоҳи марказии ин вазорат ба унвони вазири нав муаррифӣ кардаанд.

Барканории Зулфия Давлатзода дар рӯзе сурат гирифт, ки вазорати фарҳанг нишасти хабарии маъмулиашро дар мавриди натиҷаҳои соли гузашта баргузор мекард. Ба гуфтаи хабарнигорон, Давлатзода дар нишаст ҳузур надошт ва бо хабарнигорон муовини аввали ваазири фарҳанг Обид Назариён суҳбат кардаву ба суолҳои онҳо посух додааст.

Сабаби аслии барканории Зулфия Давлатзода ҳанӯз рӯшан нест, аммо сабаби расмиашро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфтаанд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки Зулфия Давлатзодаро мушаххасан ба кадом “кори дигар” гузарондаанд?

Зулфия Давлатзода, ки зодаи шаҳри Хоруғ буда, 13 марти соли ҷорӣ ба синни 50 мерасад, 24 январи соли 2020 ба ҷои зодаи дигари Бадахшон Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанг таъйин шуда, дар ин мақом 4 сол кор кард.

Аммо вазири нави фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода, ки 51 сол дорад, ба фарқ аз ду раҳбари қаблии вазорати фарҳанг, зодаи шимоли Тоҷикистон аст. Хонум Сатториён 19 сентябри соли 1972 дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Матлубахон Сатториён хатмкардаи риштаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи Хуҷанд буда, соли 2004 дар мавзӯи вижагиҳои лексикографияи форсию тоҷикии нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 дар намунаи “Фарҳанги низом” рисолаи номзадиашро ҳимоя кардаву соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ шудааст.

Матлубахон Сатториён солҳои 2008—2011 раиси бахши занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд, солҳои 2011—2014 шаҳрдори Истиқлол (собиқ Табошар) ва аз соли 2014 то 2018 шаҳрдори Қайроққум буд, ки соли 2015, дар замони раисии хонум Сатториён ба Гулистон табдили ном кард.

Матлубахон Сатториён дар поёни соли 2018 ба ҷои Сарфароз Фаттоҳзода раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоб гардида, 3 ноябри соли 2020 муовини сарвазир таъйин шуд.

Матлубахон Сатториён оиладор аст ва ду фарзанд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button