ЯК ТОҶИК БАРОИ БЕВАФОӢ БА САВГАНД АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДА ШУД
Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Калугаи Русия рӯзи 27 январи соли 2024 дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Калуга Ф. ном зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми содиқ набудан ба савганди ҳангоми қабули шаҳрвандии Русия додааш аз шаҳрвандӣ маҳрум кард.
Худи Ф. барои шарҳи қазия дастнорас аст, вале додгоҳ дар шарҳи ин парванда гуфт, ки Ф. дар вақташ шаҳрвандии Русияро бо тартиби сода ба даст оварда буд.
“Ӯ савганди шаҳрванди Русия дода буд ва ҳангоми савгандсупорӣ қасам хӯрда буд, ки Қонуни асосӣ ва қонунҳои Русияро риоя ва аз ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандони Русия ҳимоят хоҳад кард. То савгандсупорӣ корманди комиссариати ҳарбӣ ба Ф. фаҳмонда буд, ки бояд дар қайди ҳарбӣ ҳам худро гузорад. Аммо баъди гирифтани шаҳрвандӣ Ф. дар фақти тибқи қонун муайяншуда барои дар қайди ҳарбӣ гузоштани худ ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат накардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Тибқи қонуни шаҳрвандии Русия, шахсеро, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, дар сурати ошкор шудани ягон маълумоти бардурӯғи ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ додааш метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Маълумоти бардурӯғ додани шаҳрвандро бояд додгоҳ муайян кунад.
“Бо қарори додгоҳи ноҳияи Калуга муайян карда шуд, ки Ф. ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ дар мавриди садоқат ба Русия, аз рӯи виҷдон иҷро кардани қарзи шаҳрвандиаш дидаю дониста маълумоти бардурӯғ додааст. Ин ҳолат заминаи ҳуқуқии қабули қарор ҷиҳати бекор кардани шаҳрвандии русии Ф. гардид. Касе аз қарори додгоҳ шикоят накард ва ин қарор ҳукми қонун гирифт”, – хабар додааст хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Калуга.
Дар вақтҳои охир дар шаҳрҳои гуногуни Русия рейдҳои зидди муҳоҷироне, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, афзоиш ёфтааст. Кормандони пулис ва ОМОН дар ҷараёни ин рейдҳо ҳоло бештар дунболи шикори муҳоҷироне нестанд, ки қоидаҳои будубош дар Русияро вайрон мекунанд. Ҳоло онҳо асосан онҳоеро шикор мекунанд, ки дар ҷайб шиносномаи русӣ доранд. Онҳоро рост ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд ваё ба дасташон даъватнома месупоранд, ки ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисташон рафта, худро сабти ном кунанд.
Нозирон ин шикорҳои муҳоҷиронро бо талафоти сангини артиши Русия дар ҷанги зидди Украина ва зарураташ ба нерӯҳои тоза рабт медиҳанд. Азбаски мобилизатсияи шаҳрвандони бумии Русия метавонад боиси эътирозу норозигиҳо дар байни мардум шавад, ки ин барои мақомоти ин кишвар, бахусус дар пешорӯи интихоботи навбатӣ ва инак панҷуми Владимир Путин ба мақоми президент чандон хушоянд нест. Ба ин далел, мақомоти Русия талош доранд, то мушкили камбуди нирӯ дар ҷанги зидди Украинаро асосан аз ҳисоби ҷалби муҳоҷирон ва аз ҷумла муҳоҷироне, ки тоза соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ҳал кунанд. Ба фарқ аз шаҳрвандони бумии Русия, онҳо метавонанд муҳоҷиронро бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ битарсонанд.
Ҳазорҳо шаҳрванди Россия (зодагони Осиёи Марказӣ) баъд аз “баҳори араб” ва пайдоиши “доъиш” бо танаффур паспортҳои худро ошкоро оташ зада, аз он даст мекашиданд ва ба саффи ин гурӯҳи ифротӣ-такфирӣ пайваста буданд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрванди Россия (зодагони О.М.) аз он шикоят доранд, ки онҳоро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда истодаанд. Фардо шикояти зодагони О.М ин хоҳад буд, ки онҳоро маҷбуран ба вилоятҳои “азхудкардашуда” бурда, соҳиби манзили истиқоматӣ, шаҳрвандӣ, ҷойи кор ва маоши хуб карда истодаанд?!