ВидеоСиёсатТоҷикистон

ИДОМАИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: СУХАНГӮИ ПРЕЗИДЕНТ БА НАФАҚА РАФТ

Президенти Тоҷикистон рӯзи 29 январи соли 2024 тағйироти кадрӣ дар сафҳои ҳукуматашро идома дод. Аз ҷумла бо амрҳои президент  Абдуфаттоҳ Шарифзода, ки беш аз 20 сол боз сухангӯи президент буд, “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Заробиддин Қосимӣ сухангӯи нави президент таъйин шуд. Заробиддин Қосимӣ, ки 56 сол дошта, зодаи ноҳияи Данғара аст, дар гузашта сухангӯи вазорати дифоъ ва як муддат муовини сухангӯи президент ва мудири хабаргузории давлатии “Ховар” буд. Ӯ солҳои охир ба кори дипломатӣ гузашта, аввал сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва ахиран дар Миср буд.

Ҳамчунин рӯзи 29 январ бо фармонҳои президент, Матлубахон Сатториён тарки мақоми муовини сарвазир карда, билофосила ба ҷои Зулфия Давлатзода вазири фарҳанг таъйин карда шуд.

Аммо ба ҷои худи Сатториён президент Дилрабо Мансуриро муовини сарвазир таъйин кард.

Таъйини Дилрабо Мансурӣ, устоди собиқи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки аз соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон ва 4 соли охир муовини раиси  ин палатаи парлумон буд, иттифоқан дар рӯзе сурат гирифт, ки ӯ ба синни 50 расид. Дилрабо Мансурӣ 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.

Ҳамин тавр, бо фармонҳои президент, Саъдӣ Қодирзода аз мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барканор ва ба ҷои ӯ Султон Раҳимзода таъйин шуд.  Раҳимзода 49 сол дошта, зодаи шаҳри Норак аст ва аз соли 2020 раҳбарии Бунёди наҷоти Аралро бар уҳда дошт.

Ҳамчунин рӯзи 29 январ бо қарорҳои ҳукумат Ҳилолбӣ Қурбонзода аз мансаби раиси кумитаи занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор гардида, ба ҷои ӯ Бунафша Файзиддинзода таъйин шуд. Файзиддинзода то кунун раиси шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд ва Калининобод) дар вилояти Хатлон буд.

Ҷамшед Каримзода, Комил Гулмуродзода ва Рукмина Сафарзода аз вазифаи муовинони вазири молия низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор гардида, аз миёни онҳо Рукмина Сафарзода ба ҷои Шаҳло Сайфзода муовини раиси “Амонатбонк” таъйин шуд.

Ҳамчунин рӯзи 29 январ бо қарорҳои ҳукумат, Нусратулло Мирзозода аз мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Давлатзода Сайфиддин аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Шарифзода Мумин Машокир аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барканор гардиданд. Ба ҷои Мумин Шарифзода Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва ба ҷои Давлатзода Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат  роҳбарони нави ин ду донишгоҳ таъйин шудаанд. Ректори нави Донишгоҳи Бохтар ду соли охир раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон буд.

Сайфиддин Давлатзода баъди тарки мақоми ректорӣ билофосила раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Абдулҳаким Розиқзодаро иваз кард.

Ҳамчунин Амонулло Салимзода, аз хонаводаи пурнуфузи Салимзодаҳо аз ноҳияи Данғара, ки аз соли 2020 дар мақоми муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекард, ба ҷои Нуралӣ Асозода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сатториён М.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№712

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Давлатзода З.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Давлатзода Зулфия Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№713

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қодирзода С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№714

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Арабии Миср озод намудани Қосимӣ Заробиддин

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосимӣ Заробиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№715

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии
«Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон» озод намудани Розиқзода А.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№716

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Президенти Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
озод намудани Асозода Н.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Асозода Нуралӣ Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№717

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
озод намудани Файзиддинзода Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Файзиддинзода Бунафша бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№718

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мансурӣ Д.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№719

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло

аз 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шуд.

Соли таваллуд: 29 январи соли 1974           Ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд

Миллат: тоҷик                                               Маълумот: олӣ

Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос:                                                          муҳандис-технолог

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:            русӣ, англисӣ

Унвони илмӣ:                                                доктори илмҳои техникӣ (2009) Узви вобастаи  АМИТ (2017)

Вакили халқ ҳаст ё не:                                  Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз

гардонида шудааст ё не:                                Ордени «Шараф дараҷаи 2», соли 2021

Мукофотҳои соҳавӣ:                                    Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2010

Вазъи оилавӣ:                                                оиладор, соҳиби  2 фарзанд

Суроға:                                                           ш.Душанбе, кӯчаи Пушин 81, ҳуҷраи 6

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991-1996Донишҷӯи Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
05-09 соли 1997Лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 1997-2001Ассистенти кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 2001-2005Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи  «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 2005-2008Мудири кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 2008-2010Дотсенти кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 2010-2014Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 2014-2015Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
Солҳои 2015-2020Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (даъвати панҷум)
Аз моҳи марти соли 2020
то 29 январи соли 2024
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум)

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сатториён М.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сатториён Матлубахон Амонзода вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№720

САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода  

аз 03 ноябри  соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд  19 сентябри соли 1972  Ҷои таваллуд  ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат   тоҷик                                          Маълумот          олӣ

Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст

Ихтисос    муаллими забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ   номзади илмҳои филологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не  вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти Суғд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   — соли соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1994-Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1994-2002-Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2002-2003-Муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2003-2008-Сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2008-2011-Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  шаҳри Хуҷанд
01-08 соли 2011-Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд
Солҳои 2011-2014-Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд
Солҳои 2014-2018Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд
Солҳои 2018-2020Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд
аз ноябри соли 2020
то 29 январи соли 2024
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода С.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№721

РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур          

аз 28 сентябри соли 2020  дар вазифаи  Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал кор мекунад

Соли таваллуд   12 декабри соли 1974     Ҷои таваллуд   шаҳри Норак

Миллат   тоҷик                                           Маълумот         олӣ

соли 1996  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандиси сохтмони иншоотҳои обӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ, форсӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 2011  медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991-1996Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1996-1997Электоромонтёри лабораторияи электортехникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак
Солҳои 1999-2000Техники шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии ҶСК «Норак НБОсоз»
Солҳои 2000-2002Оператори мошинҳои электронии ҳисоббарори сехи иншоотҳои обии НБО-и Норак
Солҳои 2002-2003Муҳандиси барномасози сехи иншоотҳои НБО-и Норак
Солҳои 2003-2004Сармутахассиси бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал
Солҳои 2004-2005Сардори бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал
Солҳои 2005-2009Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2010Мудири Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2013Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2013-2019Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2020Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва  дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка
аз сентябри соли 2020
то 29 январи соли 2024
Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Давлатзода С.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№722

ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин

аз 24 январи соли 2020 дар вазифаи Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» кор мекунад

Соли таваллуд 25 сентябри соли 1970        Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат   тоҷик                                              Маълумот       олӣ

соли 1996 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос     химик-биолог

Унвони илмӣ  дотсент, доктори илмҳои биологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не- не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не –не

Кор ва фаъолияти собиқа:

09-11 соли 1988Борбардори Идораи савдои шаҳри Норак
Солҳои 1988-1990Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи советӣ
01-05 соли 1991Сарпешоҳанги Мактаби миёнаи №51, ноҳияи Данғара
Солҳои 1991-1996Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон
Солҳои 1996-1998Ассисенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-2000Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи институти ботаникаи АИҶТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2006Омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2007Дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2009Мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2010Мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2014Сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2018Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2020Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз январи соли 2020
то 29 январи соли 2024
Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Президенти Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
таъин намудани Салимзода А.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Салимзода Амонулло Файзулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№723

САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд   30 майи соли 1967          Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат     тоҷик                                        Маълумот     олӣ

соли 1991 ва 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос    агрономи олим, иқитисодчӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2011 медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1985Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1985-1987Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ вилояти Амур
Солҳои 1987-1991Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1991-1993Лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнология, ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 1993-1996Ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1996-1997Аспиранти кафедраи «Физиологияи наботот ва биотехнология»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-2001Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ», ҷонишини декани факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2004Ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2007Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона
Солҳои 2007-2008Мудири шӯъбаи таҳсили ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона
Солҳои 2009-2013Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълим
Солҳои 2013-2020Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
01-11 соли 2020Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз ноябри соли 2020
то  29 январи соли 2024
Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-501

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қосимӣ Заробиддин роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-502

ҚОСИМӢ Заробиддин

Аз 31 августи соли 2020 дар мансаби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср кор мекунад.

Соли таваллуд: 04.11.1967        Ҷои таваллуд: н.Данғара, в.Хатлон

Миллат: тоҷик                            Таҳсилот: олӣ

Соли 1991 Донишгоҳи милии Тоҷикистон хатм кардааст.

Ихтисос:  забонҳои шарқ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, арабӣ ва англисӣ

Вакили халқ хаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ/соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  не

Рутбаи дипломатӣ: Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II

Рутбаи тахассусӣ: Мушовири давлатии дараҷаи 3

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 6 фарзанд

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА

Солҳои 1990-1992омӯзгори забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №48-и н.Шоҳмансури ш.Душанбе;
Солҳои 1992-1993ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1993-1996нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1996-2005сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2005-2015машваратчии калон, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2015-2016Директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
28.03.2016-31.08.2020Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;
Аз 31.08.2020
то 29 январи соли 2024
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ш. Қоҳира.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №15
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қурбонзода Ҳ.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №16
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Ҷ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №17
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Гулмуродзода К.Г.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гулмуродзода Карим Гулмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №18
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода Р.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Рукмина Сафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №19
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи
давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода Н.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзозода Нусратулло Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давалатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №20
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
озод намудани Давлатзода С.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №21
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд» озод намудани Шарифзода М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Мумин Машокир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №22
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии
«Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
озод намудани Сайфзода Ш.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сайфзода Шаҳло Ҷамол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №23
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзиддинзода Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Файзиддинзода Бунафша раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ФАЙЗИДДИНЗОДА  Бунафша

аз 14 марти  соли 2022 дар мансаби Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон  кор мекунад

Соли таваллуд   25 июли соли 1976    Ҷои таваллуд   ноҳияи Данғара

  Миллат     тоҷик                                    Таҳсилот   олӣ

Соли 1999 Донишкадаи давлатии забонҳои Точикистонро (рӯзона), соли   2012 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хатм намудааст

Ихтисос    омӯзгори фанни забони русӣ ва  олмонӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, олмонӣ

Вакили халқ ҳаст ё не         нест

Бо мукофотхои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не    не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1999-2001-омӯзгори мактаби миёнаи №95 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2006-мутахассиси дараҷаи I  шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2007-сармутахассиси шуъбаи сохтмон, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе
Соли 2007( 04-09)мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2009-мутахассиси пешбари шуъбаи савдо, хизмати маишӣ ва рушди соҳибкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2011-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2012-таҳсил дар курси магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2016мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2016-2017Сармутахассиси Раёсати кор бо идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2021Муовини Раиси ноҳияи Данғара
11.2021 то 03.2022иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
аз  марти соли 2022
то 29 январи соли 2024
Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №24
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри
Хуҷанд» таъин намудани Ҳошимзода Ҳ.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №25
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
таъин намудани Қурбонзода М. Р

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Қурбонзода  Маҳмадалӣ Раҳмат

аз 24 августи соли 2022 дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия интихоб шуд

Соли таваллуд: 20 феврали  соли 1985    Ҷои таваллуд: ноҳияи Восеъ
Миллат: тоҷик Таҳсилот:олӣ

Соли2007 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос: муҳосиб ва аудит

Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ. англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли2021 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолиятисобиқа:

Солҳои 2022-2007Донишҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
08.2007 то 10.2007Ходими хурди илмии шуъбаи «Шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ»-и Институти иқтисодиёт кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
10.2007 то 01.2008Иқтисодчии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2011Аспиранти рӯзонаи Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
04. 2011 то 05.2011Ходими илмии шуъбаи «Омӯзиши бозорҳои кишоварзӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2012Муаллими калони кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз 01.2012 то 01.2012Ходими калони илмии шуъбаи «Бозори воситаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2012 — 2013Мудири шуъбаи «Омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2013 –2014Мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014 –2020Директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
Аз 02.2020 то 11.2020Директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе
Солҳои 2020 -2022Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз моҳи августи соли 2022 то ҳолВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иқтисод ва молия

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №26
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии
«Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
таъин намудани Сафарзода Р.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Рукмина Сафар муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Орзӯи журналистӣ доштам, муаллим шудам! гуяд:

    Садриддин Шамсуддинзода ва Заробиддин Қосимӣ (Сироҷов) ду нафар ровӣ, наттоқ, журналисти ҳирфаӣ ва нодиру нотакрор дар таърихи телевизиони тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ҳарду садои форам, дилнишин, ҷаззоб, нутқи равону бурро дошта, бидуни дикция ва бидуни тақлид дилхоҳ мавзӯъ ва барномаро дар сатҳи олии касбӣ иҷро менамоянд. Ҳар гоҳ аз телевизион ё радио садои ин ду нафарро мешунидам, бо диққати том гӯш медодам, хеле писанд буд ва ҳаст, ҳунару истеъдоди онҳоро фақат орзӯ мекунӣ (ё дар наздашон шогирдӣ мекунӣ). Умедворам, минбаъд низ барномаҳо ва мавзӯъҳои фаъолияти кории президентро ҳам аз садои хушу форами устод Садруддин Шамсиддинзода ва ҳам аз устод Заробиддин Қосимӣ мешунавем, барори кор, комёбӣ, бурдборӣ, муваффақият, пирӯзӣ дар касбу коратон орзӯмандам, ба Абдулфаттоҳ Шарифзода зиндагии хушу осуда таманно дорем!!! (Дикция (diction) бо пауза талаффӯз кардани калима, ибора ва ҷумла мебошад, ки хилофи талаботи наттоқӣ аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button