28 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ФУРӮ РЕХТАНИ ЯКБОРА 16 ТАРМА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО БАРОИ ЧАНД СОАТ БАСТ

Аз шаби 28 январ то субҳи 29 январи соли 2024, дар байни ҳамагӣ 8 соат дар қисмати дараи Варзоби шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 16 тарма фаромада, сабаби барои чанд соат баста шудани роҳ барои равуои нақлиёт шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, 15 тармаи аввал шаби 18 январ, соати 23:00 дар километрҳои аз 57 то 63 фаромада, тармаи охирин субҳи 29 январ, соати 06:50 дар километри 63 фурӯ рехтааст.
Гуфта мешавад, дар ин офатҳои табиӣ, хушбахтона, касе осеб надидааст, вале ба хотири ҳимояти ҷони ронандагону мусофирон равуои нақлиёт аз ҳарду тараф муваққатан манъ карда шуд.
Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро дар даст дорад, бахусус тармаи субҳи 29 январ дар километри 67-умро хеле бузург номида, гуфт, то тоза кардани роҳ тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати нақлиётро дар ин шоҳроҳ аз ҳарду тараф манъ кунанд.
Наздикиҳои нисфирӯзии 29 январ ин ширкат хабар дод, ки ба истиснои мошинҳои фура ва мошинҳои боркаши ядакдор ба дигар воситаҳои нақлиёт иҷозати равуо дода шуд. Нимаи дуюми рӯзи 29 январ шоҳроҳ барои ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт боз гардид.
Бо ин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки хатари фурӯ рехтани тармаҳо дар қисматҳои кӯҳистонии вилояти Суғд ва як қатор аз ноҳияҳои тобеи марказ дастикам то 31 январи соли 2024 баланд боқӣ мемонад. Бино ба ҳушдори Кумита, ба далели боришоти зиёд хатари фурӯ рехтани тармаҳо, сангрез, ҷамъ шудани тӯдаҳои барф ва яхбандӣ нафақат дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, балки дар роҳҳои дигари кӯҳистонӣ, аз ҷумла Душанбе – Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб низ то поёни моҳи январ баланд боқӣ мемонад.
Ин ниҳод аз ҳама хостааст, ки дар ин рӯзҳои хатарнок аз сафар ба минтақаҳои тармазо ҳадалимкон худдорӣ кунанд ва дар сурати пеш омадани зарурати сафар аз эҳтиёти тамом кор гирифта, тамоми чораҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд ва дар сурати пеш омадани ҳодисаҳои фавқулодда бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19 ба қисми навбатбории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар бидиҳанд.
Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат кунанд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунанд сураъати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набараанд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.