Хабарҳои кӯтоҳ

ТАСАРРУФИ ҚАРИБ НИМ МИЛЛИОН СОМОНИИ ҶДММ “ШАФРАН”, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ “ЛЕКСУС” ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 28 январи соли 2024

Саркашӣ аз пардохти маблағи қарз

158 2

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав мактуби директори ҶДММ “Шафран”, марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ворид шудааст, ки моҳи ноябри соли 2023, марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариааш даромада, 488 ҳазору 330 сомониро барои нигоҳубини чӯҷаҳои гӯштии “Бройлер” ва хӯроки омехтаи парранда гирифта, аз пардохти маблағи ин ширкат саркашӣ карда истодааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани қаллобӣ ба маблағи 29 ҳазор доллари амрикоӣ

123

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2023, марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус RХ 350”-ро ба маблағи 29 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 2 моҳ маблағашро бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани нафароне, ки даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд

146

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми январи соли 2024, тахминан соати 16:00, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 15 ҳазор сомониро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо модаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23-юми январи соли 2024, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тойота-Королла», ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 200 сомонӣ ва 200 риёли арабиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button