ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

20 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ҚИРҒИЗ, КИ ГӮШУ БИНИИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШРО БУРИД (ВИДЕО)

Додгоҳ дар Қирғизистон Азамат Эстебесовро, ки гӯшҳо ва бинии ҳамсари собиқаш Асал Ноғойбоеваро бурида буд, ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба гузориши радиои Азаттиқ, додгоҳ ҳамчунин Эстебесовро муваззаф сохт, ки ҳамчун ҷуброн ба ҳамсари собиқаш 2 миллион сом (тақрибан 22 ҳазор доллар) бисупорад.

Эстебесов ба журналистон гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест.

Мурофиа пушти дарҳои баста гузашт.  Ҷабрдида ва аҳли хонаводаи ӯ барои Эстебесов ҳукми зиндони умрбод талаб доштанд. Асал Ноғойбоева гуфт, танҳо дар сурати ба ҳабси умрбод маҳкум шудани шавҳари собиқаш ӯ метавонад тарсу ваҳмро аз дили худ дур кунад.

Ин алакай ҳукми дуюми Эстебесов буд. Моҳи сентябри соли 2023 додгоҳи вилояти Чуй алакай ӯро бо ҷурми таҷовуз ба номуси ҳамсари собиқаш ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд.

Асал Ноғойбоева ва Азамат Эстебесов ҳанӯз 5 сол қабл ҷудо шуданд. Вале ин зан мегӯяд, ки Эстебесов ҳангоми оиладориашон ҳам ӯро доим латтукӯб мекард ва баъди ҷудо шудани ӯро ҳамин гуна пайваста таъқиб кардааст: дар кӯча ба вай ҳамла мекард, ба хонааш меомад, таҳдид мекард ва ҳатто ду маротиба маҷбуран ба номусаш расидааст. Асал чандин бор ба милитсия муроҷиат кардааст, вале ҳар дафъа Эстебесовро баъди суҳбат ва ҳушдор ҷавоб медоданд.

Вақте ки Эстебесов ҳамсари собиқашро таҷовуз кард, ӯро билохира дастгир ва ба зиндон маҳкум карданд. Вале додгоҳ барои ӯ 3 сол муҳлати озмоишӣ муқаррар карда, боз ҳам ҷавобаш дод.

Моҳи сентябри соли 2023 Азамат Эстебесов, ки шартан маҳкум шуда, таҳти озмоиш қарор дошт, дигарбора вориди манзили Асал Ноғойбоева дар канори шаҳори Бишкек шуд ва дар пеши чашми писари даҳсолаашон ба бадани ҳамсари собиқаш чанд зарбаи корд зада, бинӣ ва гӯшҳои ӯро бурид. Табибон мегӯянд, ки “гӯшу биниашро бурид” дар ин қазия танҳо воҳима нест, балки марди бадҷаҳл дар ҳақиқат ин аъзои бадани ҳамсари собиқашро бурида, партофтааст.

Ҳамсояҳо доду фарёди Асалро шунида, ба милитсия занг задаанд ва маҳз ҳамин боиси наҷоти ҷони зани бечора шудааст. Амалиёти ҷарроҳии ӯ 8 соат идома кардааст.

Танҳо баъди ин ҳамлаи бераҳмона Азамат Эстебесовро дастгир ва ин дафъа барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

Соли 2021 дар як гузориши байналмилалӣ Қирғизистон хатарноктарин кишвар дар Осиёи Марказӣ барои зиндагии занон арзёбӣ шуда буд. Дар гузориш гуфта мешуд, ки аксари парвандаҳои марбут ба хушунат ба зидди занон дар Қирғизистон то ба додгоҳҳо намерасанд. Созмони Human Right Watch аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буд, ки вазъиятро буҳронӣ эътироф карда, дигар ба масъалаи хушунат ба зидди занон аз паси панҷа нигоҳ накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Азамат “эстубестов” накарда, гӯшу бинии Асалро буридааст! гуяд:

    Як иттилоъ аз лаҳҷаи хатлонӣ: Феъли амри “ист ва биист” (остановись и постой) дар шеъваи гуфтори мардуми минтақаи Кӯлоб чунин истифода мешавад: “эстубест” ва ба маънои зерин истифода м/д: мисол касе агар барои ҷанг бо касе бархоста бошад ва бидуни суолу ҷавоб якбора занозаниро шурӯъ кунад, мардум мегӯянд: эстубест накарда, шатташапш кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button