Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ТИФЛИ ХУРДСОЛ ДАР ҲАМАДОНӢ ВА БАРХӮРДИ МАРГБОРИ ҶИП БО “ОПЕЛ” ДАР ХАЛИФА ҲАСАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 23-юми январи соли 2024, тахминан соати 17:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Мӯсо Ҳайдаралиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Зайнаби Оятулло, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Зайнаби Оятулло ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба хабари дигари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 24-уми январи соли 2024, тахминан соати 23:40, ронандаи мошинитамғаи «Тойота Ленд Крузер Прадо», таҳти идораи ронанда Латифов Масрур Абдувалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Ғаффоров Бахтиёр Сабоҳович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири «Опел-Астра», Ҳадяева Бибивалия Саъдуллоевна, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, ихтироъкори нодири асри 21 гуяд:

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони хурду калони ҷумҳурӣ либоси махсуси гаштугузор дар роҳҳои автомобилгард (airbag+plus) таҳия ва истеҳсол намуда, мавриди истифодаи умум қарор бидиҳанд. Airbag+plus либоси махсуси монанд ба либоси кайҳонавардӣ буда, дар шакли соддатар ва либоси маъмулӣ иборат аз сарпӯш, пойпӯш, дастпӯш ва миёнбанд бошад, ҳам барои ронандаи автомобил ва мусофираш ва ҳам барои пиёдагард ҳатмӣ бошад. Азбаски на ҳама роҳҳои Тоҷикистон бо шароити зарурӣ ва инфрасохтори ибтидоӣ таъмин аст (камбуди чароғакҳои роҳнамо, аломатҳо, нишонаҳо, хатҳо, меъёри суръат, роҳҳои фарсуда ва ғайра), таҳияи чунин либос амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, муҳимтар аз ҳама роҳи асосии пешгирӣ аз оқибатҳои фоҷиабори садамаҳои нақлиётӣ, кам кардани зарари ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Номи ин либосро метавон Hassan Airbag+plus гузошт.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button