Раиси додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҷониби раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора рӯзи 26 январи соли 2024 сомонаи “Фараж” хабар дод.
Ба иттилои манбаи нашрия дар Агентии мубориза бо коррупсия, боздошти раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Б. С. нисфирӯзии 25-уми январ дар утоқи кориаш ба вуқуъ пайвастааст. “Ӯро шаб дар боздоштгоҳи раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нигоҳ дошта, субҳи 26 январ ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, – гуфтаст ин манбаъ.
Агентӣ кирдорҳои Абдураҳмонзодаро бо моддаҳои “Гирифтани пора” (319 қ.3) ва “Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (314 қ.2)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ёдовар мешавем, ки қонун дар қисми 3, моддаи 319 барои мансабдорони давлатие, ки аз ҷониби суд дар гирифтани пора гунаҳгор дониста мешаванд, ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли озодӣ ва дар қисми 2-и моддаи 314 барои сӯиистифода аз мансаб ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 солро муқаррар кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси метавон гуфт ҳамакнун собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода соли 2018 ба ин вазифа таъйин шуда буд. Ӯ аз он пеш ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳарс ол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд.
Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.