МИРЗОХОНЗОДА ДОДСИТОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ХАЛИФАЗОДА МУОВИНАШ ТАЪЙИН ШУДАНД
Ба ҷои Абдураҳим Раҳимов ба мақоми додситони вилояти Хатлон Ҷамшед Мирзохонзода ва ба ҷои ҷойи Раҳмоналӣ Имомзода ба мақоми муовини додситони ин вилоят Муҳаммадризо Халифазода таъйин шудаанд.
Ҷамшед Мирзохонзода, ки рутбаи генералӣ дорад, то кунун сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти мубориза бо фасод дар Додситонии кулли Тоҷикистон буд ва яке аз нафарони наздик ба додситони кул Юсуф Раҳмон ба шумор мерафт. ва масъули назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти мубориза бо фасод буд.
Муҳаммадризо Халифазода бошад, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, то ҳол дар Додситонии кул дар мақоми сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бахшҳои андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва дар гузашта як замон дар маркази матбуоти Додситонии кул кор мекард.
Ҳамин тавр, Ҳамзаалӣ Музофиров додситони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъин шудааст. Музофиров то расидан ба ин мансаб дар Додситонии кул ба ҳайси сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ фаъолият дошт.
Дар ин бораи рӯзи 25 январи соли 2024 радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) бо такя ба манобеи худ дар Хатлону Кӯлоб хабар дод. Бино ба иттилои манобеи ин расона, Мирзохонзода ва Халифазодаро ба унвони додситон ва муовини додситони вилояти Хатлон рӯзи 22 январ ба кормандони ин ниҳод муаррифӣ кардаанд.
Додситони қаблии минтақаи Кӯлоб Хебар Зайдуллозода охирҳои моҳи октябри соли 2023 Хебар Зайдуллозодабо иттиҳоми “чашмпушӣ аз кирдорҳои ғайриқонунӣ дар тақсимоти қитъаҳои замин аз мақом барканор шуда буд. Аммо боқӣ раҳбарони ниҳодҳои додситонӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 январи соли 2024 дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният аз кор ронд.
Аммо ба ҷои додситони шаҳри Кӯлоб касеро то ҳол таъйин накарда будаанд. Қутбиддин Достизода, ки дар гузашта муовини додситони нақлиёти Тоҷикистон буд ва аз моҳи ноябри соли 2021 дар ин мансаб кор мекард, рӯзи 24 январ дар асоси ҳамон супориши президент Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор карда шуд.
“Чизу чораашро гирифта, аз Кӯлоб рафт. То ҳол касе ба ҷойи Достизода таъйин нашудааст,” — гуфтааст як манбаи огоҳ. Ба кадом вазифаи наве таъйин шудани ӯ маълум нест.
Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст, дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод кард ва супориш дод, ки тамоми роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, бо шумули додситонҳо бо муовинонашон, сардорон ва муовинони сардорони милитсия, Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир гуруҳҳои фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз мансаб биронанд.