ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

МИЛИТСИЯ ХАБАРИ ДАР ТОҶИКИСТОН ПАНОҲАНДА ШУДАНИ ФАЛАСТИНИҲОРО РАД КАРД (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳрванди Душанбе шоми 24 январи соли 2024 бо нашри як баёнияи вижа гуфт, “хабари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳанда шудани шаҳрвандони Фаластин асоси воқеӣ надорад ва аксе, ки дар Интернет мечархад, дар асл акси ду сайёҳ аз як оила аз Урдун аст, ки барои тамошо ба Тоҷикистон омадаанд.

Бино ба иттилои милитсияи Душанбе, ахиран дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксҳои ҳайъати як оила хабарҳое нашр гардид, ки гӯё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Фаластин ҳамчун гуреза шуда омадаанд ва ба кумак эҳтиёҷ доранд.

Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуд ва дар натиҷа муайян гардид, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.

“Шаҳрвандоне, ки дар расмҳои нашргардида инъикос ёфтаанд, аъзои як оила буда, зодагони давлати шоҳигарии Урдун мебошанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омадаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия ба онҳо раҳнамоиҳои ҳуқуқӣ расонида шуд. Зимнан муайян карда шуд, ки онҳо ба меҳмонхона ва ҳамаи лавозимоти зарурӣ таъмин буда, ба кумаки моддӣ эҳтиёҷ надоранд. Зимни суҳбат номбурдагон аз меҳмоннавозии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд”, – гуфта мешавад дар баёнияи милитсияи пойтахт.

Сарусадоҳо дар бораи ба Тоҷикистон паноҳ овардани фаластиниҳо дар пасманзари идомаи амалиёти артиши Исроил ба зидди Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза паҳн шуданд. Аз соли 2007 ҳукумати Ғаза дар дасти гуруҳи Ҳамос аст. Дар ҷараёни набардҳо байни Исроилу фаластиниҳо дар навори Ғаза аз моҳи октябр ба ин тараф  ҳазорон нафар кушта ва даҳҳо ҳазори дигар бехонавудар шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Мардуми Фаластин аз тамоми гӯшаю канори дунё барои кӯмаку ёрӣ ба Фаластин ва атрофи Фаластин баргашта истодаанд, ҳеч кадоми онҳо дар ин вазъияти ҳасос Фаластинро тарк накарда, барои истиқлолу озодӣ талош доранд. Банда, арабиро медонам, 24-соат шабакаи иттилоотии “Ал-ҷазира”-и арабиро тамошо мекунам, ягон ҳолати фирору гурез нашр нашудааст. Мардум мегӯянд: ё Фаластин ё шаҳодат. Аммо, ҷониби дигар чунон фирор карда истодаанд, ки Кипр, Италия, Юнон ва ғайра пур шудааст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button