ДАР ДУШАНБЕ ЧОРГОНИК БА ДУНЁ ОМАД!
Рӯзи 25 январи соли 2024 дар таваллудхонаи бемористони “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон тифлони чоргоник ба дунё омадаанд. Дар ин бора дар Фейсбук бо нашри акси ин тифлони чоргоник хабар доданд.
Бино ба иттилои муаллифи хабар бо номи зоҳиран мустаори Раиса Адам, тифлони чоргоник як писар ва се духтар буда, вазнашон аз 1 килою 800 грамм то 2 килою 200 грамм будааст.
“Сипоси беандозаро ба табибони ғамхору меҳрубон Раҷабова М.Х., Сиддиқов Х., Одинаев Г., Назарова Ф.Б., Миршарипова Д. ва инчунин ба ҳамшираҳои тиб мерасонем. Дастони нозукатон асло дардро набинанд! Ё Аллоҳ, омин!” – навиштааст Раиса Адам.
Дар бораи шахсияти падару модари ин тифлони чоргоник чизе гуфта нашудааст. Дар бораи вазхи саломатии модару тифлони навзодаш низ маълумоте дода нашудааст.
“Азия Плюс” рӯзи 26 январ хабар дод, ки дар бахши таваллудхонаи бемористони “Истиқлол” низ таваллуди чоргоникро тасдиқ карданд, вале аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ варзидаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон чоргоник ба дунё меояд. Танҳо аз аввали соли 2024 ин алакай дуюмин мавриди таваллуди чоргоникҳо дар Тоҷикистон аст.
Рӯзи 14 январи соли 2024 Миҷгона Асоева, сокини 27-солаи деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, қаблан як фарзанд дошт, ин дафъа якбора чоргоник: ду писару ду духтар ба дунё овард. Сардухтури беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон Хушнуд Баҳодурзода хабар дод, ки вазни кӯдакон аз 1 килою 600 грамм то 1 килою 700 грамм аст.
Қаблан, моҳи июни соли 2022 як сокини 27-солаи ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара чаҳор духтар таваллуд карда буд. Онҳо бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд.
Дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Ҳангоми таваллуд духтурони таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Моҳи январи соли 2023 бошад, дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори нахуст дар Тоҷикистон 6 нафар – ду писару 4 духтар таваллуд шуд, вале баъди як рӯз тифлони навзод фавтиданд.
Сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дошта, тибқи омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,2 фоиз ё тақрибан 200 ҳазор нафар меафзояд. Соли гузашта шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид. Интизор меравад, ки то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон аз 11 миллион нафар гузарад.
Ба иттилоъи касоне, ки дар амрико зиндагӣ мекунанд (аз таҷрибаи оилавӣ): баъди таваллӯд дар таваллӯдхона (роддом) нусхаи холии шаҳодатномаи таваллӯд дода мешавад, ки тибқи он ному насаб, номи падар, макон ва санаи таваллӯд ва дигар ҷузъиёту ҳувияти тифли навзод бояд пур карда шаванд. Шумо метавонед, ному насаб ва номи падари тифлро дилхоҳ пур кунед, яъне агар ному насаби падари тифл, мисол Саидов Шакар Зимистонович бошад ё Ҳаракатзода Кӯшиши Ғайратулло бошад, дар ҳуҷҷати тифли шумо муҳим нест, ки ному насаби шумо дарҷ гардад, шумо метавонед, ному насаб ва номи падари тифлро, мисол (писар): Абдуллоҳ Абдуллоҳ Абдуллоҳ бигузоред, ё Муҳаммад Муҳаммад Муҳаммад, ё Абдуллоҳ Муҳаммад Иброҳим бигузоред, (духтар): Хадиҷа Хадиҷа Хадиҷа, ё Фотима Абдуллоҳ Муҳаммад ё ҳатто яке аз номҳо ду бор ё дунома бошанд, мисол (писар): Абдуллоҳ Исо-Мусо Муҳаммад, ё Муҳаммад Абдураҳмон Умар-Алӣ, (духтар): Хадиҷа Фотима-Оиша Абдуллоҳ, Марям Имрон Ҳорун-Мусо. Яъне, дар Амрико (мисли дар Тоҷикистон) мавриди бозпурсӣ қарор намегиред, ки чаро ному насаби кӯдак бо ному насаби падар ё модар куллан фарқ дорад?!
Барои исботи гуфтаҳои боло, писари якуми мо таваллӯд шуд, мисол (номи тахаюлӣ) Mansoor Roziqov ном гузоштем, баъди чанде писари дуввум таваллӯд шуд, Mahmoud Muhammad Abdullah ном гузоштем, ки аслан гӯё ба мо рабте надорад, баъдан ҳатто номи писари якумро ҳам ариза навишта, ба Mansoor Muhammad Abdullah иваз кардем. Барои дубора иваз кардани ному насаб додгоҳ сабабашро мепурсад, бояд сабаби қонеъкунанда дод. Мо сабаби иваз кардани номи Мансурро ба русӣ будани фамилияи ӯ (суффикси -ов) рабт додем, ки хилофи ҳувияти миллии мост.