ВарзишВидео

9 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ПОРТУГАЛИЯ ИШТИРОК МЕКУНАНД

Рӯзи 26 январи соли 2024 дар шаҳри Одивелас, воқеъ дар канораҳои шимолии Лисабон, пойтахти кишвари аврупоии Португалия мавсими имсолаи мусобиқаҳои гуштини дзюдо (ҷудо) бо мусобиқаи ҷаҳонии Grand Prix Portugаl 2024 оғоз мешавад. Дар ин мусобиқот, ки бо иштироки 640 варзишгар аз 92 кишвар то 28 январ идома меёбанд, бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, 9 паҳлавони тоҷик: 8 мард ва як духтар иштирок мекунанд.

-52кг — Аҳлия Муъминова
-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг – Мехрзод Суфиев
-73кг – Маҳмадшариф Наҷмиддинов
-81кг – Абдуҷалилзода Муҳаммадҷон
-90кг – Комроншоҳ Устопириён
-90кг – Раҷабов Умедҷон
-100кг – Анварзода Эмомризо
-100кг – Абубакри Акобир

Барномаи мусобиқа чунин аст:

26 январ: қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва 60 кг, -66 кг байни мардон баргузор мегардад.

27 январ: қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг, -81 кг байни мардон доир мешаванд.

28 январ: қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон баргузор мегарданд.

Ба ҷуз аз медалҳои тилло барои ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон)  3000 евро, барои барандагони медали нуқра  2000 евро ва барои соҳибони медалҳои биринҷӣ  1000 евро ҷоизаҳо низ муқаррар карда шудаанд. Инчунин иштирокдорони ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ мегарданд.

Португалия кишварест, ки дар ғарби қораи Аврупо дар соҳили уқёнуси Атлас (Атлантик) ҷойгир шудааст. Аз Одивелас, маҳалли баргузории мусобиқоти гуштини ҷудо то соҳили уқёнус ҳамагӣ 22 километр роҳ аст.

Гуштини ҷудо аз ангуштшумор риштаҳои варзиш аст, ки паҳлавонони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои нисбатан беҳтар ноил шудаанд. Соли 2023 дар даҳгонаи беҳтарин варзишгарони соли Тоҷикистон низ аксариятро намояндагони гуштини ҷудо ба даст оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button