МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ШАҲРИНАВ ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНУ ДАСТГОҲИ АККОСӢ ВА НОУТБУК ДАР ФАРХОР
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 январи соли 2024
Ҳалокати дучархарон дар садамаи нақлиётӣ
22-юми январи соли 2024, тахминаи соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Oпел-Астра”, Нуралиев Муҳаммадҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаркат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Худойқулов Абдулло Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудаст.
Дар натиҷа, дучархарон Худойқулов А.Р. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, пас аз чанд соат ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Дастгир гардидани марди 40-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза пирамарди 74-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 1-адад таҷҳизоти аксбардории тамғаи “Никон”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “ҶИ-1” ва 1-адад ноотбуки тамғаи “Асус”-ро, ки арзиши умумиашон 5 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 40-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.