
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 24 январи соли 2024 дар сомонаи расмиаш бо нашри акси раиси ин Хадамот Бег Сабур дар баробари раисони ҳамаи 4 ширкати алоқаи мобилии фаъол дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки Хадамоти алоқа аз тамоми операторони алоқаи мобилӣ хост, ки қарорҳояшон дар мавриди баланд бардоштани арзиши тарифҳояшонро бекор кунанд. Ин ниҳод аз муштариён хост, ки ба паёмакҳои ширкатҳо дар бораи боло бурдани тарифҳояшон эътибор надиҳанд.
Ба навиштаи Хадамоти алоқа, тайи чанд рӯзи охир тамоми операторони алоқаи мобилӣ нархи тарифҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд, ки ин амали онҳо дар ҷомеа, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овардааст.
Хадамоти алоқа қарори боло бардоштани нархи алоқаи мобилро хилофи сиёсати давлат шумурда, гуфт: “Хадамоти алоқа бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани ин иқдом даъват кард. Хадамоти алоқа чунин меҳисобад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамзамон барои амалисозии тадбирҳои муҳиме мондани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад. Аз ин рӯ, ба маълумоти тамоми муштариён мерасонем, ки Хадамоти алоқа ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ надода, тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корњо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд”.
Бино бар ин, Хадамоти алоқа аз муштариён хост, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ эътибор надода, ба истифодаи тарифҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.
Бег Сабур, ки қудои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст ва инак беш аз 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад, дар чанд моҳи охир хеле фаъол шудааст. Як сол пеш Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш аз кори қудояш башиддат интиқод карда, ба ӯ барои ислоҳи камбудиҳо вақт дода буд. Дар паёми имсолааш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Бег Сабур чизе нагуфт. Ҳарчанд, бо вуҷуди он ҳама давутози Бег Сабур, сифати Интернету алоқаи мобил дар кишвар дар ин як соли охир хеле бадтар шуд, на беҳтар.
Хабари қарори боло бурдани тарифҳоро бекор кардани Бег Сабур иттифоқан дар рӯзи баргузории ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд. Маъмулан дар рӯзи ин ҷаласа тағйироти муҳими кадрӣ сурат мегирифтанд, вале имсол ҷаласа бидуни тағйироти кадрӣ анҷом ёфт. Ҳадди ақал то лаҳзае, ки ин гузориш барои нашр омода мешуд.
