ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодисаҶомеа

ТАЗОҲУРОТИ САДҲО НАФАР ДАР ЯКУТСК БАЪДИ КУШТОРИ ЯК СОКИНИ МАҲАЛЛӢ АЗ СӮИ ҶАВОНИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Дар шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) дар минтақаи Сибири шарқии Русия  як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, бо иттиҳоми куштани як марди 26-солаи маҳаллӣ дар пайи муноқиҳа дар як клуб шабона дастгир кардаанд. Одамкушӣ рӯзи 21 январ рух дода, ин ҷавон ва шариконашро ҳанӯз рӯзи 22 январ дастгир карданд. Вале ин қазия рӯзи 24 январ, дар пайи дар майдони Ленин дар маркази Якутск дар як митинги бидуни иҷозат гирди ҳам омадани тақрибан 500 сокини маҳаллӣ расонаӣ шуд.

Ба назди тазоҳургарон муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Владимир Арбузов ва муовини сардори пулиси ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Олег Лебед омада, ба мардум дар бораи раванди тафтиши парвандаи куштори сокини маҳаллӣ, боздошти гумонбаршавандагон маълумот дода, гуфтанд, ки ин гирдиҳамоӣ бидуни иҷозат доир шуда истодааст. Мақомот аз мардум хостанд, ки пароканда шаванд.

Аммо мардуми ҷамъомада бо ишора ба муҳоҷирон мегуфтанд: “Мо онҳоро ғам намедодем. Чаро онҳо чунин рафтор мекунанд?”

Баъди чанд соати тазоҳурот дар ҳавои то –30 дараҷа сард издиҳом батадриҷ пароканда шуд.

Барои онки мардум зудтар хона ба хона раванд, вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) видеои лаҳзаҳои боздошти гумонбаршавандагонро ҳам нашр кард. Дар сабт дида мешавад, ки гумонбаршавандаҳо дарро ба рӯи кормандони пулис намекушоянд ва мақомот маҷбур мешаванд, ки дари оҳанинро бо истифода аз “болгарка” боз кунанд.

Додгоҳ рӯзи 24 январ муттаҳами асосӣ дар қатли сокини Ёқутистонро барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ду ҳамхонаи ӯ, ки дарро ба рӯи кормандони пулис накушоданд, бо ҷурми итоат накардан ба амри қонунии мақомот ҳар кадом ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Рӯзи 24 январ дар Русия ҳамчунин мессенҷери What’sApp ногаҳон аз кор монд. Бархе расонаҳо, аз ҷумла Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики “База” аз кор мондани ин шабакаро ба митинги Якутск рабт медиҳанд, чунки даъвати мардум барои гирдиҳамоӣ дар майдони марказии пойтахти Ёқутистон тавассути мессенҷерҳо, аз ҷумла тавассути гуруҳҳои махсуси дар шабакаи What’sApp ташкилшуда сурат мегирифт.

Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, шаби 21 январ дар ҳавлии як бирои истиқоматӣ дар касабаи Мархаи шаҳри Якутск як мардро бо захми корд дар қафаси синааш пайдо карданд. Ӯро таъҷилан ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд, ки ин марди 26-солаи зодаи улус ё ноҳияи Нам дар канораҳои шимолии пойтахти Ёқутистонро аз марг наҷот диҳанд.

Кормандони пулис бо изи гарм бо иттиҳоми куштор як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Русияро дастгир карданд.

Нашрияи KP.RU хабар дод, ки ин моҷаро аз муноқишаи шаби 20 январи ин ҷавони тоҷик бо як ҷавони маҳаллии 23-сола  дар клуби шабонаи “Мята” оғоз ёфтааст. Ҷавони маҳаллӣ рӯзи 21 январ суроғаи ҷавони тоҷикро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда, барои идомаи ҳисобукитоб, ё  “разбор” ҳамроҳи чанд рафиқаш ба ҷои зисти ӯ рафтааст. Байни ҷавонон ҳангоми “разбор” занозанӣ ба амал омадаст ва 3 нафар, аз ҷумла он ҷавони 26-солаи зодаи Нам, корд хӯрдаанд. Зодаи Нам дар бемористон ҷон дод, бақияро пулис дастгир кардааст.

Рӯзи 24 январ раҳбари Ёқутистон Айсен Николаев них тавассути  каналаш дар Телеграм ба сокинони ҷумҳурӣ муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки дар митинги бидуни иҷозат иштирок накунанд. Николаев ба наздикони ҷавони кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард ва хабар дод, ки гумонбаршаванда дастгир шудааст. Ӯ тасдиқ кард, ки нафари муттаҳам зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Русия аст.

“Мақсади иғвогароне, ки аз ҷумла дар хориҷа қарор доранд, якест — даргирондани низоъ, барангехтани душманӣ, аз ҳам ҷудо кардани мо”, — навишт Николаев. Ӯ ба мақомот супориш дод, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ва назорати муҳоҷирон  тадбирҳои ҷиддитар бияндешанд.

Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Ёқутистон Ҳодӣ Оев дар пайи ин куштори пурсарусадо ба аҳли хонаводаи сокини маҳаллии кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард ва аз сокинони ҷумҳурӣ хост, то “аз рӯи як нафар ва рафтори ӯ ба тамоми халқи тоҷик баҳо надиҳанд”.

 “Тамоми аҳли ҷамъияти мо аз ин ҳодиса сахт мутаассир шудаанд. Нафари гунаҳкор бо тамоми қотеъияти қонун ҷазояшро мегирад. Ҳамаи аъзои ҷамъияти тоҷикон қотеона қонунҳои Русияро риоя мекунанд ва риоя хоҳанд кард. Аз номи тамоми тоҷикони муқими Ёқутистон ба хонаводаи нафари кушташуда изҳори ҳамдардии амиқ ва изҳори таассуф мекунам. Мо тамоми талошамонро хоҳем кард, то чунни ҳодисаҳо аз ҷониби ҷавонони мо такрор нашаванд. Хоҳиш мекунем, ки аз рӯи як нафар ва рафтори ӯ ба тамоми халқи тоҷик баҳо надиҳед”, – гуфт Оев.

Соли 2019 низ дар пайи аз ҷониби муҳоҷирон кушта шудани як сокини маҳаллӣ дар Ёқутистон мавҷи митингҳо бо талаби аз ин ҷумҳурӣ рондани муҳоҷирон доир шуда буд.

Ёқутистон ҷумҳуриест бо ҳамагӣ наздики як миллион аҳолӣ, ки дар як минтақаи иқлимаш қаҳратун дар майдони беш аз 3 миллион километри мураббаъ ҷойгир шудааст. Барои муқоиса, қаламрави Ёқутистон қариб 22 баробар бузургтар аз масоҳати Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button