ВидеоҲодисаҶомеа

ҲАБСИ 3 ҶАВОНЗАНИ АВБОШ БАЪДИ ҶАНҶОЛАШОН БО МУҲОФИЗОНИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “САЙЁРА”

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 23 январи соли 2024 аз боздошти се ҷавонзан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани ҳарсеи онҳо хабар дод.

 Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Пирова Мадина Сафаровна, санаи таваллудаш 17.05.1997, Ҳасанова Таманно Сафаровна, санаи таваллудаш 28.07.1999, истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода ва Қурбонова Фархунда Шарифбеговна, санаи таваллудаш 2.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуданд.
 Худи ин се ҷавонзан барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин се нафар санаи 16-уми январи соли ҷорӣ, ҳангоми дар дохили маркази дилхушии «Сайёра», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, нисбат ба муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳақорат намуда, бо алфози кабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба ҳар кадоме аз ин 3 ҷавонзан ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин кард.

Дар ҷомиаи суннатии Тоҷикистон даст ба қонуншиканӣ задану ҳабс шудани занон ҳар чунин ҳодиса амале хеле шармовар ба шумор меравад, ки доғи он нафақат як худи зани қонуншикан, балки обрӯи наздикони ӯро ҳам доғдор мекунад. Аз ин рӯ, чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон хеле ками дар кам иттифоқ меуфтанд. Хусусан мисли ин ҳодисаи ахир, ки ин 3 зан барои ҷанҷол ва он ҳам дар клуби шабона дастгир ва маҳкум ба ҳабс шуданд. Қарори маълум, барои занону духтарон аз оилаҳои муҳофизакору суннатӣ рафтан ба чунин муассисаҳо худ як кори мамнӯъ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button